ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

23-юми октябри соли 2026 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1-и Донишгоҳ бо ташаббуси ассистенти кафедра Давлатова Ҷ. Ҷ. ва иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 56, 57 ва 58 дар мавзуи «Терроризм, экстремизм ва пешгирии он» миниконфронси маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир, аз ҷумла хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, оқибатҳои манфии ифротгароӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва аҳаммияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни миниконфронс донишҷӯёни гурӯҳи 57 Тошова Ойша ва Ҷабборов Азизбек бо истифода аз рӯнамоҳо баромад намуда, доир ба моҳияти терроризму экстремизм, омилҳои пайдоиш ва роҳҳои муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб андешаҳои худро баён карданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи дониш, тақвияти худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва ҳифзи зиракии сиёсӣ аз омилҳои асосии пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон бояд бо азхудкунии донишҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Ватани азиз саҳмгузор бошанд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки мубориза бо терроризму экстремизм масъулияти муштараки ҷомеа буда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба қонун заминаи муҳими таъмини амнияту осоиштагии кишвар мебошад.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1


26.10.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php