ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ВИРУСӢ ВА САРМОХӮРӢ ДАР ФАСЛИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ВИРУСӢ ВА САРМОХӮРӢ ДАР ФАСЛИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН

Бо фаро расидани фаслҳои тирамоҳу зимистон, бинобар тағйирёбии ҳарорати ҳаво, зиёд шудани вақти будубоши одамон дар ҷойҳои пӯшида ва паҳншавии вирусҳои роҳи нафас, хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас меафзояд. Дар ин давра бемориҳое, аз қабили зуком (грипп), сироятҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас, риновирусӣ, аденовирусӣ, сирояти вируси респиратории синситиалӣ (RSV) ва дигар бемориҳои сироятии роҳи нафас бештар ба мушоҳида мерасанд.Бемориҳои мазкур дар байни тамоми гурӯҳҳои синнусолӣ паҳн мешаванд, аммо кӯдакони хурдсол, шахсони солхӯрда, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин нисбат ба дигарон бештар ба оризаҳои вазнин дучор шуда метавонанд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан як миллиард ҳолати гирифторшавӣ ба зукоми мавсимӣ ба қайд гирифта мешавад, ки аз онҳо 3-5 миллион ҳолат бо ҷараёни вазнини беморӣ мегузарад. Ин нишондиҳандаҳо зарурати баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва риояи чораҳои пешгирикунандаро нишон медиҳанд.

Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки сармо худ сабаби асосии пайдоиши бемориҳои вирусӣ мебошад. Аммо бояд таъкид намуд, ки зуком ва дигар сироятҳои шадиди роҳҳои нафас аз таъсири вирусҳо ба вуҷуд меоянд, на танҳо аз паст шудани ҳарорати ҳаво.

Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон омилҳои зерин метавонанд ба паҳншавии сироятҳо мусоидат намоянд:

Зиёд шудани ҷамъшавии одамон дар хонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойҳои корӣ.

Кам шудани ҳавотозакунии ҳуҷраҳо дар рӯзҳои сард.

Тамоси наздик бо шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ.

Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ.

Паҳншавии мавсимии баъзе вирусҳои роҳи нафас.

 

Вирусҳо асосан ҳангоми нафаскашӣ, суҳбат, сулфа ва атса задани шахси бемор тавассути зарраҳои сироятноки нафасӣ паҳн мешаванд. Инчунин, ҳангоми даст расондан ба ашёи олуда ва баъдан ба чашм, бинӣ ё даҳон расонидани дастҳо сироят ёфтан имконпазир аст.Нишонаҳои сироятҳои вирусии роҳҳои нафас вобаста ба намуди вирус, синну сол ва ҳолати саломатии шахс гуногун мешаванд.Аломатҳои бештар паҳншуда инҳоянд: баланд шудани ҳарорати бадан, обравӣ ё маҳкамшавии бинӣ, атсазанӣ, дарди гулӯ, сулфа, дарди сар, дарди мушакҳо, бемадорӣ, кам шудани иштиҳо ва сустшавии фаъолияти рӯзмарра.Дар кӯдакони хурдсол беморӣ метавонад бо нооромӣ, гиряи зиёд, рад кардани ғизо, душвории ширхӯрӣ ва баъзан нафаскашии тез ё душвор зоҳир шавад.Бояд дар назар дошт, ки зуком аз шамолхӯрии маъмулӣ фарқ мекунад. Зуком аксар вақт ногаҳон, бо таби баланд, дарди мушакҳо ва сустии шадид оғоз меёбад. Дар баъзе ҳолатҳо он метавонад боиси инкишофи пневмония, норасоии нафас ва шиддат гирифтани бемориҳои музмин гардад.

 

РОҲҲОИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ВИРУСӢ

1. Ваксинатсия- яке аз роҳҳои самараноки муҳофизат.

Яке аз усулҳои асосии пешгирии зукоми мавсимӣ гузаронидани ваксинатсияи ҳарсола мебошад. Ваксина хатари гирифторшавӣ ба зуком, махсусан шаклҳои вазнин ва оризаҳои онро коҳиш медиҳад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ваксинатсияро махсусан барои кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола, занони ҳомила, шахсони синнашон аз 65 боло, кормандони тиб ва гирифторони бемориҳои музмин муҳим мешуморад. Зарурати эмкунӣ ва интихоби ваксина бо назардошти синну сол, нишондодҳои тиббӣ ва тавсияҳои миллии амалкунанда муайян карда мешавад.

2. Риояи беҳдошти шахсӣ.

Шустани мунтазами дастҳо бо об ва собун яке аз чораҳои одӣ ва муҳим барои пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад.Дастҳоро махсусан баъди бозгашт аз кӯча, истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, пеш аз истеъмоли ғизо ва баъди сулфа ё атса задан бояд шуст.Ҳангоми набудани об ва собун истифодаи маҳлулҳои безараргардонии даст дар асоси спирт тавсия дода мешавад. Инчунин, бояд аз расонидани дастҳои ношуста ба бинӣ, даҳон ва чашм худдорӣ намуд.

3. Ҳавотозакунии хона ва муассисаҳои таълимӣ.

Ҳуҷраҳои пӯшида ва ҳавои нокифояи тоза метавонанд барои паҳншавии сироятҳои роҳи нафас шароити мусоид фароҳам оваранд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки хонаҳо, синфхонаҳо, кӯдакистонҳо ва ҷойҳои корӣ мунтазам ҳавотоза карда шаванд. Ҳангоми ҳавотозакунӣ бояд бехатарӣ ва ҳарорати мувофиқи ҳуҷра, махсусан барои кӯдакони хурдсол, ба назар гирифта шавад.

4. Истифодаи ниқоби муҳофизатӣ.

Дар ҷойҳои серодам, муассисаҳои тиббӣ ва ҳангоми тамос бо шахсони дорои нишонаҳои бемориҳои роҳи нафас истифодаи дурусти ниқоб метавонад хатари интиқоли сироятро кам намояд.

Ниқоб бояд бинӣ ва даҳонро пурра пӯшонад. Агар шахс бемор бошад, беҳтар аст то беҳтар шудани ҳолат дар хона бимонад ва аз тамос бо дигарон худдорӣ кунад.

5. Ғизои солим ва мутавозин.

Ғизои дуруст барои фаъолияти муътадили системаи масуният аҳамияти калон дорад. Дар фасли тирамоҳу зимистон истеъмоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла сабзавот, меваҷот, лӯбиёгиҳо, ғалладона, маҳсулоти ширӣ ва манбаъҳои сафеда тавсия дода мешавад.

Маҳсулоте, ки дорои витаминҳои A, C, D, инчунин руҳ ва оҳан мебошанд, барои фаъолияти муътадили организм муҳиманд. Бо вуҷуди ин, истеъмоли миқдори зиёди витаминҳо ё иловаҳои ғизоӣ бе нишондоди тиббӣ воситаи исботшудаи пешгирии зуком ҳисоб намешавад.

6. Хоби кофӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ.

Хоби босифат, истироҳати мувофиқ ва фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ба нигоҳ доштани саломатии умумии инсон мусоидат менамоянд.

Ба кӯдакон мувофиқи синну сол хоби кофӣ, сайругашт дар ҳавои тоза ва бозиҳои фаъол тавсия дода мешавад. Либоси кӯдак бояд ба ҳарорати ҳаво мувофиқ бошад, то ҳам аз сардшавии аз ҳад зиёд ва ҳам аз гармшавии нолозим пешгирӣ карда шавад.

Пешгирии бемориҳои вирусӣ дар байни кӯдакон

 

Кӯдакон, махсусан кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ, бинобар тамоси наздик бо ҳамсолон бештар ба сироятҳои роҳи нафас гирифтор мешаванд. Аз ин рӯ, волидон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ бояд ба чораҳои пешгирикунанда диққати махсус диҳанд.Ба кӯдакон аз синни хурдсолӣ шустани дурусти дастҳо, истифодаи рӯймолча ҳангоми сулфа ва атса задан, напӯшонидани даҳон бо кафи даст ҳангоми сулфа ва истифода набурдани зарфу ашёи шахсии дигаронро омӯзонидан зарур аст.Кӯдаке, ки таб, сулфа ва дигар нишонаҳои бемории сироятӣ дорад, набояд маҷбуран ба кӯдакистон ё мактаб фиристода шавад. Дар хона мондан дар давраи беморӣ ҳам барои сиҳатшавии кӯдак ва ҳам барои пешгирии сирояти дигарон аҳамияти муҳим дорад.Барои кӯдакони ширмак идома додани ғизодиҳии шири модар муҳим мебошад, зеро он дорои моддаҳои ғизоӣ ва омилҳои муҳофизатии зарурӣ мебошад.

Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ чӣ бояд кард?

Ҳангоми пайдо шудани таб, сулфа, дарди гулӯ ва дигар аломатҳои беморӣ тавсия дода мешавад, ки шахс истироҳат намояд, моеъи кофӣ истеъмол кунад ва ҳолати худро назорат намояд. Дар сурати баланд шудани ҳарорат, доруҳои пасткунандаи таб бояд мувофиқи синну сол, вазни бадан ва тавсияи табиб истифода шаванд. Муҳим аст, ки антибиотикҳо ба вирусҳо таъсир намекунанд. Аз ин рӯ, истифодаи худсаронаи антибиотикҳо ҳангоми зуком ва дигар сироятҳои вирусӣ на танҳо фоидаи зарурӣ намедиҳад, балки метавонад ба пайдоиши муқовимати микробҳо нисбат ба антибиотикҳо ва таъсирҳои номатлуб оварда расонад.

 

Доруҳои зиддивирусӣ барои ҳамаи беморон зарур нестанд. Ҳангоми гумони зуком дар шахсони гурӯҳи хавф ё ҳангоми ҷараёни вазнин, табиб метавонад табобати махсуси зиддивирусиро сари вақт таъин намояд.Дар ҳолати душвории нафаскашӣ, кабудшавии лабҳо, беҳушӣ, сустии шадид, беобшавӣ, дарди қафаси сина ё бадшавии ҳолати умумӣ бояд фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат намуд. Дар кӯдакони то 3-моҳа ҳарорати 38°С ва баландтар арзёбии таъҷилии тиббиро талаб мекунад.

 

Нақши оила ва ҷомеа дар пешгирии бемориҳои мавсимӣ

 

Пешгирии бемориҳои вирусӣ танҳо вазифаи кормандони соҳаи тандурустӣ нест. Дар ин самт иштироки ҳар як аъзои ҷомеа муҳим мебошад.

Волидон бояд дар оила муҳити солим фароҳам оварда, кӯдаконро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат кунонанд. Омӯзгорон ва мураббиён бояд ба ҳавотозакунии синфхонаҳо, тозагии муҳит ва омӯзонидани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ диққат диҳанд. Кормандони тиб бошанд, тавассути суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатӣ ва машваратҳои тиббӣ метавонанд сатҳи огоҳии аҳолиро баланд бардоранд.Татбиқи якҷояи чунин чораҳо барои коҳиш додани паҳншавии сироятҳо, ҳифзи саломатии кӯдакон ва калонсолон ва пешгирии оризаҳои вазнин мусоидат менамояд.

 

Фаслҳои тирамоҳу зимистон давраи афзоиши хатари паҳншавии як қатор бемориҳои вирусии роҳҳои нафас мебошанд. Бо вуҷуди ин, риояи чораҳои одӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок метавонад хатари гирифторшавӣ ва паҳншавии ин бемориҳоро коҳиш диҳад.Ваксинатсияи саривақтӣ, риояи беҳдошти шахсӣ, ҳавотозакунии ҳуҷраҳо, ғизои солим, истироҳати кофӣ, худдорӣ аз тамоси наздик бо шахсони бемор ва муроҷиати саривақтӣ ба табиб аз муҳимтарин роҳҳои ҳифзи саломатӣ ба шумор мераванд.

Ҳар як инсон бояд дарк намояд, ки пешгирии беморӣ нисбат ба табобати он осонтар, камхарҷтар ва самараноктар аст.

Саломатии худро ва наздиконатонро ҳифз намоед! Риояи қоидаҳои одии пешгирӣ гарави зиндагии солим ва ҷомеаи солим мебошад.

 

 

        

Давлатова Ҷ.Ҷ.-ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

ба номи проф. Аминов Ҳ.Ҷ.   

                                           


27.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php