Пешгирӣ ва муолиҷаи бемории COVID-19

Пешгирӣ ва муолиҷаи бемории COVID-19

       Дар кафедраи фармакология санаи 18.12.21 мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирӣ ва муолиҷаи бемории COVID-19 » бо донишҷӯёни курси 3 факултети тиббӣ-профилактикӣ, гурӯҳҳои 3 ва 4 баргузор гашт.                                     

       Сараввал мудири кафедра, н.и.т., дотсент Урунова М.В. сухани намуда, оид ба паҳншавии бемории COVID-19  ва аз тарафи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ эълон шудани пандемияи ин беморӣ дар ҷаҳон  қайд кард. Ҳамагонро ҳушдор намуд, ки гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро ҳатман риоя намоянд. Ваксинаҳоро сари вақт гиранд, зеро роҳи ягонаи самараноки пешгирии бемории  COVID-19  дар замони ҳозира ин ваксинатсия мебошад. Ба ғайр аз ин бояд ҷавонон тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд.

Баъдан донишҷӯён Ширинбекова Н. ва Тоймуродов Ш. дар бораи ангезандаи беморӣ, роҳҳои гузариш, аломатҳо, пешгирӣ ва стандартҳои қабулшудаи табобати ин беморӣ маълумоти пурра доданд. Дар слайдҳо сурат ва маълумотҳои ҷолибу нав оид ба беморӣ пешниҳод шуд.

      Сипас байни донишҷўён баҳсу мунозира ва саволу ҷавобҳо баргузор шуд. Ҳар як донишҷӯ бо имконияти дастдода фикру ақидаҳои худро баён намуд. Дар натиҷа донишҷӯён дониши худро нисбати ин беморӣ пурратар намуданд.

     Муаллими калони кафедра, омӯзгори гурӯҳи 4-уми факултети тиббӣ – профилактикӣ Насруллоева М.Ҳ. дар бораи сабаби беморӣ, ки вирус аст ва механизми таъсири он, равиши беморӣ, роҳҳои табобати он маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дотсенти кафедра, н.и.т., Музафарова М.Ҳ. дар бораи ваксинаҳо, маводҳои доругии зиддивирусӣ ва механизми таъсири онҳо гуфта гузашт.  

Дар анҷом  бори дигар қайд карда шуд, ки ҳамагон бояд ҳатман гигиенаи шахсию  ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳои пешгирикунандаро риоя кунанд, зеро саломатии мо дар дасти худи мост.

                                                                                              

                                                                                                Кафедраи фармакология


23.12.2021 419

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php