ПАЁМИ БЕДОРӢ ВА ЭҲЁИ ВИҶДОНИ МИЛЛӢ (БАИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)
Пешвои миллат – Пешвои виҷдон, имон ва инсонияти халқи тоҷик аст. Дар тӯли сию панҷ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон пояҳои устувори давлатдории миллӣ бунёд гардиданд, ки барои рушди маънавият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва инсондӯстии ҷомеаи тоҷик заминаи боэътимод гузоштанд.
Сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба рушди иқтисоду сиёсат маҳдуд намешавад. Ҳадафи асосии он тарбияи ҷомеаи худшинос, инсонпарвар ва муттаҳид мебошад. Паёмҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат ҳамеша мардумро ба меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва дастгирии ниёзмандон даъват менамоянд. Хусусан, иқдомҳои ахир, ки бо рӯҳи ҳамдилию саховатмандӣ нисбат ба бародарону хоҳарон, ҳамватанон ва ҳамзабонони мо амалӣ шудаанд, шоистаи таҳсину офарин мебошанд.
Аз ҷумла, дар пайравӣ аз иқдомҳои созандагиву хайрхоҳонаи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз садҳо нафар соҳибкорон, ҷавонон ва шахсони саховатпеша дар корҳои ободонӣ, дастгирии ятимону маъюбон ва кумак ба оилаҳои ниёзманд фаъолона иштирок намуда истодаанд. Ин руҳияи ҳамбастагӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи тоҷик рӯз ба рӯз ба сӯи камолоти маънавӣ ва ваҳдати воқеӣ ҳаракат дорад. Миллате, ки ба якдигар дасти ёрӣ дароз мекунад, ҳеҷ гоҳ рӯ ба сустӣ ва парокандагӣ намеорад.
Имрӯз мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он ҳастем, ки тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳамватанони дохилу хориҷи кишвар бо руҳияи баланди миллӣ барои ободии деҳаҳо, таъмири роҳҳо, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Маблағҳои хурду бузурге, ки аз ҷониби мардум барои корҳои хайр, сохтмон ва дастгирии ниёзмандон равона мегарданд, нишонаи бедории виҷдони миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошанд.
Ин ҳама нишонаи он аст, ки сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат дар қалби мардум тухми некӣ меҳрубонӣ, ҳамдигардастгирӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба Ватанро парвариш намудааст. Ин ҳамбастагӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ нишон медиҳад, ки миллат роҳи дурустро интихоб кардааст. Миллате, ки ба якдигар дасти ёри дароз мекунад, ятимро танҳо намегузорад ва барои ободии сарзамини худ заҳмат мекашад, ҳатман ояндаи дурахшон хоҳад дошт.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд низ аҳлонаву сарҷамъона ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбуб, ободии Ватани азиз ва баланд гардидани нуфузу обрӯи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ содиқона заҳмат хоҳанд кашид.
Ин қарзи муқаддаси миллӣ, рисолати имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост. Бузургони адабу маърифати мо низ ҳамеша мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва инсондӯсти даъват намудаанд. Чунончи Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Имамбердиева М.А.-ассистенти кафедраи гистология