ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ САРБАЛАНДӢ, ВАҲДАТ, ОЗОДӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ!
20 ноябри соли 2026 дар кафедраи забонҳои хориҷии бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мини-конференсия таҳти унвони «Парчамт бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо роҳбарии дотсентон: Фатҳуллоева Ш.А. ва Каримова М.Д. бо иштироки омузгорони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои куратории 45, 53 -и курси дуюми факултети тиббӣ ташкил карда шуд. Мини-конференсияро мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Маҳмудова С.С. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфтанд. Дар суханронии худ таъкид намуданд, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлолияти миллӣ, ваҳдати халқ, сулҳу субот ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ Каримова М.Д. бо маърӯзаи баромад намуда, оид ба таърихи пайдоиш, аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд. Зимни баромад таъкид гардид, ки Парчам ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ таҷассумгари ормонҳои миллӣ, таърихи пурифтихор, фарҳанги қадима ва арзишҳои волои мардуми тоҷик мебошад. Ҳамчунин, маънои рамзии рангҳои парчам, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ифодагари соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, сарсабзӣ, ваҳдат ва саодати миллат мебошанд, шарҳ дода шуд. Зикр гардид, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва арзишҳои миллӣ буда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ вазифаи муҳимми ҷомеа мебошад.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеърҳои ватандӯстона, иҷрои сурудҳо дар васфи Парчам ва Ватан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, пешниҳоди маърӯзаҳои мавзӯӣ ва намоиши саҳначаи ҳаҷвии тарбиявӣ иштироки фаъолона намуданд. Намоишҳо ва баромадҳои донишҷӯён мазмуни ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи ахлоқиро инъикос намуда, ба чорабинӣ ранги тоза ва рӯҳияи идона бахшиданд.
Чорабинӣ дар фазои самимӣ, тантанавӣ ва пур аз эҳсоси ифтихори миллӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии он тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ мебошад.
Кафедраи забонҳои хориҷӣ