ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи муҳаббату садоқати ҳар як шаҳрванд ба Ватан ва давлатдории миллӣ мебошад. Мардуми Тоҷикистон зери ливои давлати соҳибистиқлоли худ барои ободии кишвар, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоиста заҳмат мекашанд. Парчами давлатӣ эҳсоси ватандӯстиро тақвият бахшида, моро ба қадршиносии истиқлол, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа раҳнамун месозад.
Халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба суннати парчамдорӣ арҷ гузошта, онро нишонаи ҳувият, нангу номус ва сарбаландӣ мешуморад. Дар хотираи таърихии мардум парчам бо ормонҳои озодӣ, адолат ва соҳибдавлатӣ пайванд дорад. Он дар давраҳои гуногун таҷассумгари иродаи устувор ва талоши мардум барои ҳифзи сарзамин ва арзишҳои маънавӣ будааст.
Роҳи расидан ба давлатдории мустақил аз марҳалаҳои пурпечутоби таърих гузаштааст. Аз ин рӯ, қадршиносии истиқлол ва рамзҳои давлатӣ эҳтиром ба заҳмату ҷоннисории наслҳоест, ки барои бақои миллат, ҳифзи забону фарҳанг ва пойдории Ватан талош варзидаанд. Парчами давлатӣ ин пайванди таърихиро дар зеҳну шуури ҷомеа зинда нигоҳ медорад ва масъулияти моро дар назди наслҳои оянда бештар месозад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати хосса пайдо кард. Он Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ нишонаи ҳузури давлати мо мебошад. Барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар чунин ҳамоишҳо дар дили ҳамватанон эҳсоси ифтихор ва масъулиятро бедор мекунад. Ҳар дастоварде, ки бо номи Тоҷикистон пайванд мегирад, моро ба заҳмати бештар ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар ҳидоят менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим боз намуд. Дар як давраи ҳассоси таърихӣ қабули Парчами давлатӣ ифодаи иродаи мардум барои бунёди давлати мустақил ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд.
Аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн барои ҳар як шаҳрванд фурсати андеша дар бораи арзиши истиқлол, аҳамияти сулҳу субот ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Таҷлили он эҳтироми ҷомеаро ба рамзҳои давлатӣ афзун намуда, ба таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рамзҳо соҳибихтиёрии кишвар, ягонагии мардум ва ормонҳои муштараки ҷомеаро ифода мекунанд. Эҳтиром ба онҳо дар муносибати масъулона ба Ватан, риояи қонун, ҳифзи осоиштагӣ ва меҳнати софдилона зоҳир мегардад.
Парчами давлатӣ барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз мансубияти миллӣ, забонӣ ва эътиқодӣ, рамзи Ватани муштарак аст. Дар зери ин ливо мардумро орзуи зиндагии осуда, таълиму тарбияи фарзандон, пешрафти ҷомеа ва ободии сарзамин ба ҳам мепайвандад. Аз ҳамин ҷиҳат, эҳтиром ба Парчам бо таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон алоқаманд мебошад.
Дар тарбияи насли наврасу ҷавонон Парчами давлатӣ аҳамияти бузург дорад. Шиносоӣ бо таърихи қабули он ва фаҳмидани ҷойгоҳи рамзҳои давлатӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки арзиши соҳибистиқлолӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро амиқтар дарк намоянд. Ин кор аз оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити ҷомеа идома меёбад. Сухани омӯзгор, намунаи ибрати падару модар ва муносибати эҳтиромонаи калонсолон дар ташаккули чунин ҷаҳонбинӣ нақши муҳим мебозанд. Ифтихори миллӣ дар фаъолияти ҳаррӯза мазмун пайдо мекунад. Хониши хуб, аз худ намудани касбу ҳунар, эҳтиром ба забони давлатӣ, омӯзиши илм, ҳифзи муҳити зист ва муносибати ғамхорона ба моликияти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки муҳаббат ба Ватанро ифода мекунанд. Ҷавоне, ки дониш меомӯзад ва барои пешрафти ҷомеа омода мешавад, дар устувории ояндаи кишвар саҳм мегузорад.
Барои аҳли илму маориф ва тандурустӣ эҳтиром ба Парчами давлатӣ бо масъулияти касбӣ пайванди амиқ дорад. Омода кардани мутахассисони соҳибкасб, анҷом додани таҳқиқоти босифат, расонидани хизмати шоиста ба мардум ва риояи одоби касбӣ ба рушди ҷомеа мусоидат менамоянд. Муаррифии натиҷаҳои илмии муҳаққиқони тоҷик дар ҳамоишҳои байналмилалӣ низ яке аз роҳҳои баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон мебошад.
Сулҳу субот барои амалӣ гардидани ҳамаи ин ҳадафҳо замина фароҳам меорад. Дар фазои осоишта мактабу донишгоҳҳо фаъолият мекунанд, илм рушд меёбад, муассисаҳои тиббӣ ба мардум хизмат мерасонанд ва имкониятҳои созандагӣ васеъ мегарданд. Ҳифзи ин фазо аз ҳар яки мо фарҳанги муошират, эҳтироми ҳамдигар ва дарки манфиатҳои умумиро талаб мекунад. Парчами давлатӣ моро ба чунин ҳамбастагӣ ва масъулият даъват менамояд. Имрӯз Парчами давлатӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон парафшон буда, ба симои шаҳру деҳот шукӯҳ мебахшад. Дидани он инсонро ба андеша водор месозад, ки барои ободии Ватан чӣ саҳм гузоштааст ва боз чӣ кореро анҷом дода метавонад. Ин эҳсос дар меҳнати омӯзгор, табиб, муҳандис, кишоварз, соҳибкор ва ҳар шаҳрванди масъулиятшинос идома меёбад.
Мардуми Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи таърихӣ, фарҳанги ғанӣ ва нерӯи созандаи худ барои пешрафти кишвар заҳмат мекашанд. Ҳар иқдоми судманд, ҳар дастоварди илмӣ ва ҳар амали ободкорона ба устувории давлат ва беҳбудии зиндагии мардум мусоидат мекунад. Парафшонии Парчами давлатӣ моро ба қадршиносии ин заҳматҳо ва идомаи корҳои созанда ҳидоят менамояд.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу осоиштагӣ парафшон бошад. Бигзор эҳтиром ба ин рамзи муқаддас дар қалби наслҳо пойдор монда, мардуми кишварамонро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ободкории Ватан раҳнамун созад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку фархунда бод!
Кафедраи ташхиси клиники озмоишгоҳӣ