ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА САРҶАМЪИИ МАРДУМ
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур ҳайати намояндагии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар ҳайати устодони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти роҳбарии раиси Шурои занону духтарони донишгоҳ Амонзода Сабоҳат Бобишо фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар фазои тантанавии майдони Парчами давлатӣ гирди ҳам омада, эҳтирому арҷгузории худро ба яке аз муқаддасоти миллӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, озодӣ ва давлатдории тоҷикон дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстии насли ҷавон ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ, тақвияти мавқеи занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Чунин иқдомҳо дар таҳкими эҳсоси ифтихор аз давлату миллат ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ аҳаммияти хосса доранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА