ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ

21 ноябри соли 2026 дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиббӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам-рамзи истиқлолият ва ҳастии миллат» семинари маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни курси чорум, гурӯҳҳои 6 ва 2-и факултети тиббӣ-профилактикӣ иштирок намуданд.

Семинарро омӯзгори кафедра Рӯзиев Ф.А. ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ оид ба мақому манзалати Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа ибрози андеша кард. Қайд гардид, ки парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, аз замонҳои қадим то имрӯз ифодагари ҳувияти миллӣ ва соҳибдавлатии миллати тоҷик мебошад.

Ҳамзамон, ассистенти кафедра Хайитов С.С. доир ба таърихи ташаккул ва мақоми Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки эҳтиром ба Парчами миллӣ эҳтиром ба истиқлолият, таърих ва арзишҳои муқаддаси Ватан мебошад.

Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, Парчами давлатиро ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ гиромӣ дошта, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


24.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php