ПАРЧАМ - РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМ -  РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Санаи 20 ноябри соли 2026 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки духтурони беморхонаи МД ММТҶТ «Шифобахш», ҳайати профессорону омӯзгорон, духтурони интерна, ординаторони клиникӣ, донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз гурӯҳҳои 24 то 35, донишҷӯёни курси 6-уми факултети педиатрӣ гурӯҳҳои 6–8 ва меҳмонони кафедра чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини аввали директори МД ММТҶТ «Шифобахш», номзади илмҳои тиб Абдуллозода Т., мудири кафедраи урология, номзади илмҳои тиб, дотсент Саъдуллозода Ф., мудири кафедраи асабшиносӣ, номзади илмҳои тиб, дотсент Ғанизода М. ва доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи оториноларингология Маҳмудназаров М. иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3, номзади илмҳои тиб, дотсент Уроқов Комрон Зокирович баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфт.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки имрӯз мо дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои пурифтихори миллӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Халқи тоҷик аз давраҳои қадим дорои таъриху фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои давлатдорӣ буда, парчам дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибтамаддунӣ, озодӣ, садоқат ба Ватан ва пайванди наслҳо мақоми хосса доштааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадифи Истиқлоли давлатӣ буда, аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият муаррифгари давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги қадима, ваҳдати миллӣ ва орзуву ормонҳои халқи тоҷик аст.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва умед ба ояндаи дурахшон шинохта шуда, мардуми Тоҷикистонро зери сояи худ муттаҳид месозад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба Ватан, таърих, миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад.

Баъдан дотсент Ҳоҷиева Г.Б. бо ҳамроҳии донишҷӯёни гурӯҳи 25-уми факултети тиббӣ баромади пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Дар рафти он ба ҳозирин оид ба таърихи пайдоиши парчам дар тамаддуни тоҷикон, марҳилаҳои таърихии ташаккул ва рафти қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар дода шуд. Ҳамзамон, донишҷӯён бо омода намудани саҳначаи таърихӣ дар бораи қаҳрамони халқии тоҷикон — Коваи оҳангар, ки рамзи мубориза барои адолат ва озодӣ мебошад, маҳорати ҳунарии худро нишон доданд. Барномаи фарҳангӣ бо қироати шеърҳо ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона идома ёфт.

Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ барои насли ҷавон мактаби худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ ба шумор меравад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба ин муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузошта, дар ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад. Хусусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа вазифаи муҳими муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як омӯзгор мебошад.

Парчами давлатӣ эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор, қадршиносӣ аз имрӯзи осоишта ва эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст. Он моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳидоят менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ чунин мисраъҳои ватандӯстона садо доданд:

Парчами нангу номи мо,
Пораи ҷисму ҷони мо.
Нуру зиёи чашму дил,
Парчами Коваёни мо!

Бо таманниёти нек фарорасии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиён ва ҳамватанони азиз табрик гуфта шуд. Дар анҷом орзу карда шуд, ки ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, саодатмандӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти касбӣ муваффақият насиб гардад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, сулҳу ваҳдат пойдор ва Ватани азизамон ободу сарсабз бошад!

Бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамаи шумо таманниёт дорем: «Сари ҳамчун парчам баланду рӯй чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям».

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Кафедраи бемориҳои дарунии №3


24.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php