ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИН АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИН АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

7 октябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ ҳайати роҳбарии факултети тиббӣ бо иштироки 42 нафар донишҷӯёни курси якуми факултет фаъолона иштирок намуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва омузиши амиқи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар рафти озмун иштирокчиён донишу ҷаҳонбинӣ ва сатҳи омӯзиши худро оид ба асарҳои Пешвои миллат нишон дода, муҳтавои муҳимтарин андешаҳо, масъалаҳои таърихию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар ҷанбаҳои дар осори Пешвои миллат инъикосёфтаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр бояд кард, ки баргузории чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва сиёсии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо, тақвияти эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ ва дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод нақши муҳим дорад. Озмун ҳамзамон барои ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи осори сиёсӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии Пешвои миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла зинаҳои бакалавриат ва магистратура, ширкат варзиданд. Иштирокчиён бо омодагии зарурӣ ба озмун ҳозир шуда, тавассути ҷавобҳои саҳеҳ ва баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда сатҳи дониш ва қобилияти зеҳнии худро муаррифӣ намуданд.

Иштироки донишҷӯёни факултети тиббӣ дар чунин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи муассиса ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи насли донишманду масъулиятшинос ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ба камол расонидани мутахассисони оянда шаҳодат медиҳад.

Факултети тиббӣ


08.10.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php