ОЁ МЕДОНЕД? ДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ АЗ ҶАҲОНИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ОЁ МЕДОНЕД? ДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ АЗ ҶАҲОНИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Таърихи инсоният на танҳо таърихи кашфиётҳои бузурги илмӣ, пешрафти тамаддун ва дастовардҳои техникӣ, балки таърихи муборизаи пайваста бо бемориҳои сироятӣ низ мебошад. Дар тӯли асрҳо бемориҳои гуногун ҳаёти миллионҳо одамонро зери хатар гузошта, ба рушди ҷомеа, иқтисодиёт ва муносибатҳои байни давлатҳо таъсири ҷиддӣ расонидаанд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, баъзе эпидемияҳо ва пандемияҳо дар таърихи башарият чунон харобиовар буданд, ки оқибатҳои онҳо садсолаҳо эҳсос мешуданд.

Шояд барои бисёриҳо аҷиб бошад, ки бемории нағзак (обила), ки дар асрҳои XVI-XIX паҳн гардида буд, тибқи арзёбиҳои таърихӣ тақрибан 500 миллион нафарро ба ҳалокат расонидааст. Вабои сиёҳ, ки дар асри XIV ҷаҳонро фаро гирифта буд, аз 40 то 75 миллион қурбонӣ гирифтааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки пеш аз рушди тибби муосир бемориҳои сироятӣ яке аз бузургтарин таҳдидҳо ба ҳаёти инсоният ба ҳисоб мерафтанд.

Яке аз рӯйдодҳои фоҷиабори таърихи тиб пандемияи зукоми соли 1918 мебошад. Ин беморӣ, ки бо вируси зукоми навъи H1N1 алоқаманд буд, дар саросари ҷаҳон паҳн гардида, тибқи маълумоти дар санади Созмони ҷаҳонии тандурустӣ овардашуда, боиси марги тақрибан 20-50 миллион нафар шудааст. Ҷолиби диққат он аст, ки дар ибтидои пайдоиши чунин бемориҳои нав организми инсон метавонад нисбат ба барангезандаи онҳо масунияти кофӣ надошта бошад. Маҳз ҳамин ҳолат яке аз омилҳои асосии босуръат паҳн гардидани сироятҳои навпайдо ба ҳисоб меравад.

Далели дигари ҷолиб он аст, ки баъзе бемориҳои сироятӣ метавонанд тавассути як навъи ҳашарот паҳн шаванд. Масалан, магаси навъи Aedes интиқолдиҳандаи якчанд бемории вирусӣ, аз ҷумла табларзаи Денге, чикунгуня ва табларзаи зард мебошад. Агар то соли 1970 хуруҷи бемории Денге танҳо дар 9 кишвар ба қайд гирифта мешуд, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, баъдан ин беморӣ дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон паҳн гардида, ба яке аз мушкилоти муҳими тандурустии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин раванд нишон медиҳад, ки тағйирёбии муҳити зист, иқлим, ҳаракати аҳолӣ ва паҳншавии ҳашароти интиқолдиҳанда метавонанд ба густариши бемориҳои сироятӣ мусоидат намоянд.

Ҳатто баъзе тағйирот дар муҳити табиӣ, ки барои рушди иқтисодиёт ва кишоварзӣ амалӣ мешаванд, метавонанд оқибатҳои ғайричашмдошти эпидемиологӣ дошта бошанд. Масалан, бунёди сарбандҳо ва низомҳои обёрӣ дар баъзе минтақаҳо барои афзоиш ва паҳншавии магасҳо шароити мусоид фароҳам оварда, метавонад ба зиёд шудани хатари бемориҳои тавассути ҳашарот гузаранда, аз ҷумла вараҷа, мусоидат намояд. Ин далел бори дигар собит месозад, ки масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.

Боз як хусусияти ҷолиби бемориҳои сироятии навпайдо дар он аст, ки қисми зиёди онҳо аз олами ҳайвонот сарчашма мегиранд. Чунин бемориҳоро зоонозӣ меноманд, яъне онҳо метавонанд аз ҳайвонот ба инсон гузаранд. Зукоми парандагон ва коронавируси синдроми роҳи нафас дар Ховари Миёна аз ҷумлаи чунин бемориҳо мебошанд. Тибқи маълумоти дар санади Созмони ҷаҳонии тандурустӣ овардашуда, аз соли 2012 то моҳи июни соли 2019 дар ҷаҳон 2428 ҳолати сирояти лабораторӣ тасдиқшудаи коронавируси MERS-CoV ба қайд гирифта шуда, 838 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Зиёда аз 83 фоизи ҳолатҳои ҷаҳонии ин сироят ба Арабистони Саудӣ рост меомад. Ин омор аҳаммияти ҳамкории мутахассисони тибби инсонӣ, байторӣ ва соҳаи ҳифзи муҳити зистро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ бозгӯ мекунад.

Ҳодисаи дигаре, ки таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаи тибро ба худ ҷалб менамояд, хуруҷи бемории доманаи ба доруҳои зиддимикробӣ тобовар дар Покистон мебошад. Сабаби асосии паҳншавии он дар як қатор ноҳияҳо омехта шудани оби нӯшокӣ бо обҳои корезӣ будааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҳатто масъалаи ба назар одии таъмини аҳолӣ бо оби тоза метавонад ба мушкилоти ҷиддии эпидемиологӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои санитарӣ, беҳдошти муҳити зист ва назорати сифати об аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии ҷомеа мебошанд.

Ҷолиби диққат аст, ки оқибатҳои бемориҳои сироятӣ танҳо бо талафоти ҷонӣ ва мушкилоти саломатӣ маҳдуд намешаванд. Онҳо метавонанд ба иқтисодиёти ҷаҳон, савдои байналмилалӣ, соҳаи сайёҳӣ ва фаъолияти муассисаҳои гуногун низ таъсири бузург расонанд. Тибқи таҳқиқоти дар санади Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зикршуда, хуруҷи бемории SARS ба иқтисоди ҷаҳон тақрибан 40 миллиард доллари ИМА зарар расонидааст. Эпидемияи Эбола дар Африқои Ғарбӣ бошад, боиси зарари тахминан 53,19 миллиарддоллара гардидааст. Ҳамзамон, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, ки дар санади мазкур оварда шудааст, хароҷоти солонаи эҳтимолии пандемияҳои миёна ва шадид дар сатҳи ҷаҳонӣ метавонад тақрибан 570 миллиард доллари ИМА-ро ташкил диҳад. Ин рақамҳо собит месозанд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ на танҳо масъалаи тиббӣ, балки омили муҳими амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо низ мебошад.

Яке аз мушкилоти асосии мубориза бо бемориҳои навпайдо он аст, ки барои муайян кардани хусусиятҳои барангезандаи онҳо ва таҳияи воситаҳои махсуси пешгирӣ ва табобат вақт лозим мешавад. Дар марҳилаҳои аввали хуруҷи беморӣ олимон на ҳамеша дар бораи хусусиятҳои вирус, роҳҳои интиқол ва таъсири он ба организми инсон маълумоти кофӣ доранд. Ҳатто таҳияи ваксина пас аз муайян гардидани барангезанда низ раванди мураккабу вақтталаб мебошад. Масалан, ҳангоми пандемияи зукоми H1N1 дар соли 2009 раванди таҳияи ваксина моҳи апрел оғоз гардида, аввалин ваксинаҳо танҳо дар охири моҳи сентябр омода шуданд. Аммо тақсимоти онҳо низ ба таъхир афтод ва дар баъзе кишварҳо ваксинаҳо замоне дастрас гардиданд, ки мавҷи асосии хуруҷи беморӣ аллакай гузашта буд.

Бояд таъкид кард, ки эпидемияҳо аксаран аз як минтақаи хурд оғоз ёфта, дар сурати сари вақт ошкор ва пешгирӣ нагардидан метавонанд ба мушкилоти байналмилалӣ табдил ёбанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки сафарҳои ҳавоӣ, тиҷорат ва робитаҳои байнидавлатӣ босуръат рушд мекунанд, паҳншавии бемориҳои сироятӣ низ метавонад суръати бештар пайдо намояд. Аз ҳамин ҷиҳат, ташхиси барвақтӣ, фаъолияти лабораторияҳои муосир, мубодилаи саривақтии маълумот ва омодагии муассисаҳои тандурустӣ дар пешгирии эпидемияҳо нақши ҳалкунанда доранд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар санади стратегии худ ҳамчунин таъкид менамояд, ки мубориза бо бемориҳои сироятӣ танҳо вазифаи табибон нест. Барои пешгирӣ ва назорати самараноки онҳо ҳамкории мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб, байторӣ, беҳдошт, ҳифзи муҳити зист, илм ва мақомоти давлатӣ зарур мебошад. Дар ин раванд маърифати санитарии аҳолӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи оби тоза, эмгузаронӣ ва сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ аҳаммияти махсус доранд.

Ҳамаи ин далелҳо нишон медиҳанд, ки таърихи тибби ҷаҳонӣ таърихи муборизаи пайвастаи инсон бо таҳдидҳои ноаёни биологӣ низ мебошад. Пешрафти илм, кашфи усулҳои нави ташхис, таҳияи ваксинаҳо, рушди лабораторияҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати тиббии ҷомеа имконият медиҳанд, ки инсоният ба муқобили чунин хатарҳо омодагии бештар дошта бошад. Зеро дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ на танҳо табобати бемор, балки пешгирии пайдоиш ва паҳншавии сироят аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҳар қадар беморӣ барвақт ошкор ва чораҳои зарурӣ сари вақт амалӣ карда шаванд, ҳамон андоза имконияти ҳифзи ҳаёти инсон ва пешгирии оқибатҳои вазнини эпидемиявӣ бештар мегардад.

Манбаъ: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ. Strategic Framework for Prevention and Control of Emerging and Epidemic-prone Infectious Diseases in the Eastern Mediterranean Region 2020–2024. Қоҳира, 2020.

Тарҷумаи Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


25.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php