ОМУЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ СЕМИНАРИ ОМУЗИШӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД

ОМУЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ СЕМИНАРИ ОМУЗИШӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД

Ҳайати кафедраи тибби оилавӣ бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва №72-и ноҳияи Фирдавсӣ дар мавзуи «Солимии репродуктивӣ. Танзими оила. Модаршавии бехатар» семинари омузишӣ баргузор намуданд.

Ҳадафи асосии семинари мазкур баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон, инчунин фаҳмонидани аҳамияти ҳифзи солимии репродуктивӣ, масъулияти оиладорӣ ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилона арзёбӣ гардид.

Дар рафти семинар аз ҷониби ассистенти кафедра, номзади илмҳои тиб Амирӣ Г. Х. ба хонандагон маълумоти муфассал оид ба масъалаҳои муҳими солимии репродуктивӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, аҳамияти танзими оила ва омилҳои асосии модаршавии бехатар пешниҳод карда шуд.

Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар самти солимии репродуктивӣ яке аз самтҳои муҳими пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ ва тиббӣ ба ҳисоб рафта, барои ташаккули ҷомеаи солим ва оилаи устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар анҷоми семинар миёни омузгор ва хонандагон саволу ҷавобҳои озод баргузор шуда, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд. Чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани фарҳанги тиббӣ, масъулияти ҷавонон нисбат ба саломатии худ ва тарбияи насли солиму созанда аҳамияти муҳим доранд.

Кафедраи тибби оилавӣ


10.04.2026 44

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php