ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО: ТАҲЛИЛИ ТИББӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТИБ

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО: ТАҲЛИЛИ ТИББӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТИБ

Дар шароити муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, рушди технологияҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тандурустӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо намудаанд, нақши илм ва мероси таърихии тиб дар ташаккули низоми муосири тандурустӣ бештар эҳсос мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи ғании илмӣ ва фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ, махсусан мероси илмии мутафаккирони бузурги тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино на танҳо як иқдоми фарҳангиву сиёсӣ, балки зуҳуроти муҳимми илмӣ ва стратегияи нави рушди дипломатияи тиббӣ ва илмии давлат ба ҳисоб меравад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб яке аз иқдомҳои муҳими давлатӣ дар самти рушди илм, тандурустӣ ва эҳёи мероси тамаддунии тоҷикон ба шумор меравад. Ин санад нишон медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии илмҳои тиббӣ, таҳқиқоти инноватсионӣ ва ҳавасмандгардонии олимону табибон таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.

Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои илмӣ ва фарҳангии миллат махсусан назаррас мебошад. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ омӯзиш ва муаррифии осори Абуалӣ ибни Сино ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шуд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат доир ба шахсиятҳои бузурги илмӣ конференсияҳои байналмилалӣ, нашри осори илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардидаанд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино идомаи мантиқии ҳамин сиёсати илмпарварона ва фарҳангдӯстона мебошад.

Ин иқдом аҳаммияти бузурги байналмилалӣ низ дорад, зеро номи Абуалӣ ибни Сино дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рамзи илми тиб ва тамаддуни инсонӣ эътироф шудааст. Ҷоиза метавонад барои таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, рушди дипломатияи илмӣ ва густариши ҳамкориҳои тиббӣ бо кишварҳои ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам оварад. Ҳамзамон, он барои олимон, муҳаққиқон ва духтурони ҷавон ангезаи ҷиддӣ бахшида, ба рушди мактаби муосири тиббии тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Номи Абуалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни инсонӣ ҳамчун рамзи хирад, маърифат, дониш ва пешрафти илмҳои тиббӣ эътироф гардидааст. Осори гаронбаҳои ӯ, бахусус китоби машҳури «Ал-Қонун фи-т-тиб», на танҳо барои ҷаҳони ислом, балки барои тамоми илми тибби Аврупо ва Шарқ аҳаммияти бунёдӣ дошта, садсолаҳо ҳамчун дастури асосии таълими тиб истифода шудааст.

Ибни Сино дар таърихи илм нахустин шахсиятест, ки тавонист илми тибро аз доираи мушоҳидаҳои оддӣ ба сатҳи таҳлили мантиқӣ, клиникӣ ва таҷрибавӣ барорад. Ӯ ба масъалаҳои ташхис, пешгирӣ, табобат, таъсири муҳити зист ба саломатӣ, ғизо, фаъолияти равонӣ ва тарзи ҳаёти инсон муносибати илмӣ нишон додааст. Ин равишҳо имрӯз низ дар тибби муосир, махсусан дар соҳаи терапия, аҳаммияти калидӣ доранд.

Аз дидгоҳи илми муосири тиб, арзиши асосии таълимоти Абуалӣ ибни Сино дар он аст, ки ӯ инсонро ҳамчун низоми мукаммали физиологӣ ва равонӣ арзёбӣ менамуд. Ӯ бемориро танҳо осеби ҷисмонӣ намешуморид, балки онро натиҷаи тағйироти мураккаби тамоми организм медонист. Имрӯз ҳамин принсип асоси тибби клиникӣ ва терапияи муосирро ташкил медиҳад. Тибби муосир низ ба ташхиси комплексӣ, муносибати инфиродӣ ба бемор ва таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати организм такя мекунад. Дар асл, бисёр усулҳое, ки имрӯз дар тибб истифода мешаванд, решаҳои таърихии худро аз таълимоти Абуалӣ ибни Сино мегиранд.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар чунин шароит аҳаммияти махсус касб менамояд, зеро он метавонад ба рушди таҳқиқоти илмии тиббӣ, ташкили мактабҳои нави илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат кунад. Имрӯз рушди илмҳои тиббӣ танҳо масъалаи дохилии як давлат нест.

Бемориҳои сироятии ҷаҳонӣ, пандемияҳо, мушкилоти экологӣ, афзоиши бемориҳои дилу раг, диабети қанд, бемориҳои роҳҳои нафас ва дигар патологияҳои музмин ҷомеаи ҷаҳонро водор намудааст, ки дар самти илм ва тандурустӣ ҳамкории густурда дошта бошанд. Аз ин нуқтаи назар, таъсиси чунин ҷоиза метавонад Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои муҳими ҳамкориҳои илмии тиббӣ дар минтақа табдил диҳад. Аҳаммияти дигари ин ҷоиза дар он зоҳир мегардад, ки он метавонад барои олимон ва табибони ҷавон муҳити нави рақобати илмиро ба вуҷуд оварад. Дар асри XXI фаъолияти табиб танҳо бо табобати бемор маҳдуд намешавад. Табиби муосир бояд муҳаққиқ, таҳлилгар ва мутахассиси дорои ҷаҳонбинии васеи илмӣ бошад. Маҳз ҳамин талабот боиси рушди тибби муосир, технологияҳои рақамӣ ва усулҳои инноватсионии ташхису табобат гардидааст.

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино метавонад барои ҷорӣ намудани чунин равандҳо заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар баробари ин, таъсиси ҷоиза дорои аҳаммияти бузурги ахлоқӣ ва фарҳангӣ низ мебошад. Абуалӣ ибни Сино табибро пеш аз ҳама шахси инсондӯст ва дорои ахлоқи баланд медонист. Ӯ таъкид мекард, ки муносибати табиб ба бемор бояд бар пояи эҳтиром, шафқат ва масъулият бунёд ёбад. Имрӯз, дар шароити рушди босуръати технологияҳои тиббӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ, масъалаи нигоҳ доштани арзишҳои инсонӣ боз ҳам муҳимтар гардидааст. Тиб бе ахлоқ ва инсондӯстӣ наметавонад рисолати аслии худро иҷро намояд. Аз ҳамин ҷиҳат, ин ҷоиза метавонад на танҳо рушди илм, балки эҳёи фарҳанги баланди тиббиро низ таъмин намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин иқдом нишон медиҳад, ки ба масъалаи рушди илм, дастгирии олимон ва ҳифзи мероси бузурги тамаддунии худ муносибати ҷиддӣ дорад. Дар шароити рақобати ҷаҳонии илмӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки тавонанд илм, технология ва фарҳанги миллии худро ба таври ҳамоҳанг рушд диҳанд. Мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино барои Тоҷикистон на танҳо ифтихори таърихӣ, балки сарчашмаи бузурги нерӯи маънавӣ ва илмӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Синоро метавон ҳамчун падидаи муҳимми илмӣ, фарҳангӣ ва геополитикӣ арзёбӣ намуд, ки ба рушди илмҳои тиббӣ, таҳкими мактабҳои муосири тиббӣ, густариши дипломатияи илмӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин ҷоиза метавонад миёни мероси бузурги тибби классикӣ ва дастовардҳои тибби муосир пули устувори маънавию илмӣ эҷод намуда, барои тарбияи насли нави табибони соҳибмаърифат, муҳаққиқони навовар ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ заминаи воқеан устувор фароҳам оварад.

Шарифова Н.Ҷ. - мудири кафедраи бемориҳои дарунии дарунии №2


21.07.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php