Ҷоиза муборак! Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ намунаи олии олими муваффақи тоҷик

Ҷоиза муборак! Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ намунаи олии олими муваффақи тоҷик

Дар арафаи таҷлили Рӯзи илми тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, донишманди шинохта, сиёсатмадори некном ва ҷарроҳи варзидаи кишвар Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Ҳамид Мансуров дар соҳаи илмҳои тиб ва фарматсевтӣ сарфароз гардонида шуд.

Маросими супоридани ҷоиза дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, дипломи он аз ҷониби ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа тақдим карда шуд.

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму амалияи тибби тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамчун доктори илмҳои тиб, профессор, ҷарроҳи дараҷаи олӣ, соҳибмактаб ва дорандаи унвону ҷоизаҳои баланд дар рушди соҳаи тандурустӣ ва таҳсилоти олии тиббӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ба ҳайси олими сермаҳсул ва роҳбари муваффақ дар ташаккули мактаби муосири ҷарроҳии миллӣ нақши муҳим дорад.

Фаъолияти илмӣ ва омӯзгории профессор Гулзода аз кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳ оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ зинаҳои ассистентӣ, дотсентӣ ва профессориро тай намуда, ба яке аз мутахассисони варзидаи соҳа табдил ёфт. Самти асосии таҳқиқоти илмии ӯ ба масъалаҳои ҷарроҳии абдоминалӣ ва ташхису табобати бемориҳои мураккаби узвҳои ҳозима равона шудааст.

Профессор Гулзода муаллифи зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, 5 монография, зиёда аз 10 дастури таълимӣ-методӣ ва як қатор ихтирооту пешниҳодҳои навоварона мебошад, ки дар рушди ҷарроҳии муосир ва омодасозии кадрҳои баландихтисос саҳми муассир гузоштаанд.

Дар давраи роҳбарии Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ (2016-2025) Донишгоҳ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, низоми муосири баҳодиҳӣ ва марказонидашудаи имтиҳонсупорӣ ҷорӣ гардид. Таъсиси озмоишгоҳи кишти ҳуҷайраҳои бунёдӣ, роҳандозии усулҳои муосири ҳуҷайрадармонӣ, таъсиси парки технологӣ – Маркази илмӣ, таълимӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” ва ба роҳ мондани истеҳсоли доруҳои ватанӣ аз гиёҳҳои шифобахш аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми ин давра ба шумор мераванд.

Ҳамзамон, таҳкими инфрасохтори Донишгоҳ, таъсиси кафедраҳои нав, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим, афзоиши шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ва гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба болоравии сатҳу сифати таҳсилот мусоидат намуданд. Дар ин давра, ҳамчунин, Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ба фаъолият оғоз намуда, маҷаллаи илмии “Паёми Сино” ба пойгоҳи байналмилалии Scopus шомил гардид.

Аз соли 2025 табиби ҳозиқ ва сиёсатмадори тавоно Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худро дар Донишгоҳ идома медиҳад. Ӯ ҳамчун пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар самти илм ва узви Шурои диссертатсионӣ дар тарбияи олимони ҷавон ва рушди мактаби илмии ҷарроҳии тоҷик саҳми назаррас мегузорад.

Сарфароз гардидани Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо ҷоизаи бонуфузи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боз як далели равшани эътирофи хизматҳои арзандаи ӯ дар рушди илми тиб, таҳсилоти олӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа буда, мақому манзалати ин олими варзидаро дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам устувор месозад.

Раёсати Донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналиро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояш саломатии бардавом ва комёбиҳои нави илмиро таманно менамояд.


18.04.2026 11

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php