Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93%-и онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, кишвари гарму офтобист. Тоҷикистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо Афғонистону Хитой ва Қирғизистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Аз қадимулайём расми халқи тоҷик дӯстию муросо, садоқат, меҳнату созандагӣ ва бунёдкорист. Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид ва 30 сол аст, ки мо дар домани сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати миллӣ зиндагӣ ва кору фаъолият дорем. Маҳз бо кӯшишу талошҳою ҷоннисории марди хирадпеша, қавиирода ва сулҳофар Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фазои беғубори ҳамдиливу ваҳдат дар Тоҷикистон танинандоз гашт. Фарзандони содиқу ватандӯст бисёранд, аммо хиради волою иродаи устувори ин марди содиқи Ватан буд, ки дар зулмати кинаву адоват ва муборизаҳои бесару сомон чароғи ҳамдигарбахшиву сулҳро дар қалби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ фурӯзон сохт. Дили бекинаву сулҳофарини ӯ буд, ки миллат ба ҳам омад ва ӯ чун меъмор дар поягузории бунёди бинои сулҳи тоҷикон хишти аввал ниҳодаву дигаронро низ ба ин амал талқин кард. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид ва бо шарофати ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз имтиҳони таърих гузаронидаву сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт. Роҳбарони кишварҳои аъзои ОДКБ ва ШОС тариқи расонаҳои итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фикру ақидаҳои хешро нисбат ба ободиҳои Тоҷикистон ва меҳмоннавозиҳои мардумаш борҳо баён намудаанд. Ба имзо расидани як қатор созишномаҳои муштарак барои рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзо мусоидат намуда истодааст. Федератсияи Россия шарики асосӣ ва муҳимми тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин шарики стратегии калидии Тоҷикистон буда, дар бахши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон мавқеи аввалро дар даст дорад. Мулоқотҳои пайдарпайи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор дошта, боиси таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия мегардад. Мунасибатҳои некбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Белорус ва талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкории байни ин кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад. Президенти Белорус Александр Лукашенко баъди бозгашт ба ватанаш аз Тоҷикистон иброз доштааст, ки нахустин гаҳвораи тамаддуни башарӣ - сарзамини тоҷикон аст. Он дорои таърихи қадимитарин, мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину оини солим аст. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва Президеити Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар мустаҳкам намудани ин робитаи дӯстӣ хеле назаррас аст. Роҳбари Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ӯ ба хотири густариш додани муносибатҳои дӯстона ба Тоҷикистон омадааст. Қисмати таърихи имрӯз Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳамдигар ҳамсоя намудааст. Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки дорои захираҳои фаровони обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд ва ҳарду ҷумҳурӣ имкониятҳои ниҳоят зиёди истеҳсоли қувваи барқ дар доираи сохтмони нерӯгоҳҳои мухталиф дар кишварҳои худро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият медиҳанд. Анҷоми боздидҳои расмӣ ва дӯстонаи Сарони ин ду кишвар, имзои санадҳои гуногуни ҳамкорӣ барои миллату мардуми ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва эътимоди муштаракро дар бар мегиранд ва нишонаи ҳамкориҳои дӯстонаи дорои сатҳи баланд мебошад. Тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ҳосилшуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, масъалаҳои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои ояндадори илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳамкории кишварҳои мо мебошанд.
Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ: “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” ва ба тафовути забонӣ нигоҳ накарда, ҳамдилии мо бо халқҳои бародар ҳамаи монеаҳоро убур кардааст. Хиради азалии мардум, талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат ва аз ҷониби эшон ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи ваҳдати миллӣ имкон дод, ки сулҳу ваҳдати миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад. Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар уммеди ҳар як тоҷику тоҷикистониро ба ояндаи неку дурахшон қавӣ сохт.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа