ОБ БАРОИ РУШДИ ҲАЁТ
Ташаббусҳои Сарвари хирандманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани тавваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли оби тоза”, солҳои 2005- 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалӣ амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об”ва инак, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “ Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеиаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтаанд.
Мувофиқи ҳисоботҳои пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Аз ин рӯ, ин гавҳари табиатро бояд сарфакорона истифода бурд.
Ташабуссҳои Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкори бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушду устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меорад. Яке аз вижагиҳои санади нав ҳамгироии ҳадафу вазифаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳивзи муҳити зист мебошад, ки се пояи асосии рушди устуворро ташкил медиҳад. Ҳадафи шашуми ҳадафҳои рушди устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масъалаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи оюро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташабусскори калиди мавзӯи об шинохта шудааст.
Мо, Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногун ҳаҷм, даҳҳо ҳазора чашмаоби одою маъдани ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷори мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонад. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрузҳои хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадиммулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳайёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳайёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷулоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Моломе ки асосии зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мғъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:
Зи ҷӯе,ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарҳи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои оламӣ ҳастист.
Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.
Об ҳаст ободи ҳаст, мегуянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндаги қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу буй, таровату пояндаги мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаасифона баъзе аз инсонҳои беан- деша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳои оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад. Хулоса, аз гуфтаи Пайғамбари бузург Расули Акрам “Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад”.
Тағойқулов Э.Х. -мудири кафедраи анатомияи патологӣ
Болтуев О.И. –ассистенти кафедраи анатомияи патологӣ