НОМАИ ТАБРИКОТИИ РАЁСАТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ АКАДЕМИК ДОДХОЕВА МУНАВВАРА ФАЙЗУЛЛОЕВНА

НОМАИ ТАБРИКОТИИ РАЁСАТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ АКАДЕМИК ДОДХОЕВА МУНАВВАРА ФАЙЗУЛЛОЕВНА

Муҳтарам Мунаввара Файзуллоевна!

Раёсат ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Шуморо ба муносибати ҷашни мубораки 80-солагии умри пурфайзу баракататон самимона табрику таҳният менамоянд.

Шумо ҳамчун олими барҷаста, омузгори соҳибмактаб, мутахассиси варзида ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи акушерӣ ва гинекологияи мамлакат дар рушди илми тиб, таҳкими низоми тандурустӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва тарбияи насли ҷавони олимону табибон саҳми беназир гузоштаед.

Фаъолияти пурсамар ва беш аз нимасраи Шумо дар роҳи хизмат ба илму маориф ва тандурустии кишвар намунаи ибрат барои аҳли ҷомеа мебошад. Бо роҳбарии Шумо даҳҳо нафар олимон ба камол расида, мактаби муосири илмии акушерӣ ва гинекологии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст. Осори гаронбаҳои илмӣ, дастовардҳои назарраси тадқиқотӣ ва хизматҳои арзандаи Шумо дар ҳифзи саломатии модару кӯдак барои пешрафти соҳа аҳаммияти бузург доранд.

Арҷгузории давлат ва ҷомеа ба заҳматҳои содиқонаи Шумо, аз ҷумла интихоб гардидан ба ҳайси академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва соҳиб шудан ба мукофотҳои баланди давлатӣ, нишонаи эътирофи хизматҳои шоистаи Шумо мебошад.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии комил, умри дарози пурбаракат, саодати рӯзгор, рӯҳи болида ва комёбиҳои боз ҳам бештар дар фаъолияти илмӣ, омузгорӣ ва ҷамъиятӣ орзу менамоем.

Бигзор эҳтирому қадршиносии ҳамкасбон, шогирдон ва ҷомеа ҳамеша ҳамроҳи Шумо бошад ва фаъолияти созандаатон барои рушди минбаъдаи илму тандурустии Тоҷикистони соҳибистиқлол идома ёбад.


01.06.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php