НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ: НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026 БАРРАСӢ ГАРДИДАНД
23 июли соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки зиёда аз 80 нафар намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2026, дастовардҳои таълимӣ, илмӣ ва байналмилалӣ, инчунин раванди татбиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, оид ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки дар ин давра Донишгоҳ дар самти таҳкими заминаи таълимию илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими Донишгоҳ дар соли 2026 ворид гардидани он ба пойгоҳи байналмилалии рейтинги бонуфузи ҷаҳонии «Times Higher Education» мебошад. Тавре таъкид гардид, моҳи апрели соли ҷорӣ ташкилоти бонуфузи байналмилалии «Times Higher Education» Донишгоҳро расман ба феҳристи рейтинги осиёии THE Asia University Rankings 2026 бо мақоми «Reporter» ворид намуд. Ин дастоварди муҳим мавқеи Донишгоҳро дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ таҳким бахшида, барои муаррифии имкониятҳои таълимӣ, илмӣ ва академии муассиса дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, ворид гардидани Донишгоҳ ба пойгоҳи байналмилалии THE қадами муҳим дар самти баланд бардоштани нуфузи байналмилалии муассиса ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи нишаст таъкид гардид, ки Донишгоҳ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ фаъолияти худро мутобиқи талаботи муосири таҳсилоти тиббӣ ба роҳ мондааст. Айни замон дар муассиса аз рӯйи 7 ихтисос, аз ҷумла педиатрия, кори табобатӣ, стоматология, фарматсия, психологияи тиббӣ, ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа ва биохимияи клиникӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Ин ихтисосҳо барои таъмини соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аҳаммияти муҳим доранд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳ дар соли ҷорӣ хатми бомуваффақияти 2116 нафар донишҷӯ мебошад. Аз ин шумора 1729 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 387 нафар донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Донишҷӯёни хориҷӣ аз 13 давлати ҷаҳон таҳсил намуда, пас аз хатми Донишгоҳ соҳиби таҳсилоти олии тиббӣ гардида, ба номи пуршарафи табиб сазовор шуданд. Ин нишондиҳанда аз нуфузи баланди Донишгоҳ ҳамчун яке аз муассисаҳои пешбари таҳсилоти тиббии минтақа ва ҷалби донишҷӯён аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Дар бахши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Дар нимсолаи якуми соли таҳсил олимони Донишгоҳ 33 кадри илмиро омода намуданд, ки аз инҳо 3 нафар доктори илм, 24 нафар номзади илм ва 6 нафар доктори PhD мебошанд. Тайёр намудани чунин теъдоди кадрҳои илмӣ дар рушди минбаъдаи иқтидори илмии Донишгоҳ, таҳкими мактабҳои илмӣ ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин, дар нимсолаи якуми соли 2026 олимони Донишгоҳ 129 мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расониданд. Ин нишондиҳанда аз фаъол гардидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва афзоиши саҳми олимони Донишгоҳ дар рушди илмҳои тиббӣ дарак медиҳад. Нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимони Донишгоҳ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳ 7 созишномаи ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳумро бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи тандурустии кишварҳои дуру наздик ба имзо расонид. Тавассути ин санадҳо заминаи ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои таҳсилот, илм, табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди робитаҳои касбӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар баробари рушди фаъолияти таълимию илмӣ, Донишгоҳ ба беҳтар намудани шароити зист ва таҳсил барои донишҷӯён низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Дар ин замина бунёд ва сохтмони 2 хобгоҳи нави замонавии иборат аз 14 ошёна бо маром идома дорад. Амалӣ гардидани ин иқдом барои беҳтар намудани шароити зисти донишҷӯён, фароҳам овардани муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва таҳсилӣ ва тақвияти инфрасохтори Донишгоҳ аҳаммияти муҳим хоҳад дошт.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма ба роҳбарияти Донишгоҳ оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти муассиса саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Таъкид гардид, ки Донишгоҳ минбаъд низ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, омода намудани мутахассисони рақобатпазир, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму зиндагии донишҷӯён тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Нишасти матбуотӣ бори дигар собит намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар самти рушди таҳсилоти тиббӣ, илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мавқеи устувор дошта, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти таълимӣ ва илмии худ пайваста талош менамояд. Натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026, аз ҷумла ворид шудан ба пойгоҳи байналмилалии рейтинги THE, омода намудани кадрҳои илмӣ, афзоиши интишороти илмӣ, хатми донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз рушди устувори Донишгоҳ ва саҳми арзандаи он дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳанд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА