НИГИНИ КӮҲСОР

НИГИНИ КӮҲСОР

Тоҷикистон - сарзамини кӯҳҳои зебои сарбафалаккашида, чашмасорони софу зулол, водиҳои сабзу хуррам ва табиати нотакрори биҳиштосо буда, аз замонҳои қадим бо гуногунрангӣ ва ғановати олами наботот, ба хусус гулҳои рангорангу нодири худ шуҳрат дорад. Табиат дар зиндагии мардуми тоҷик аз қадимулайём ҷойгоҳи хоса дошта, на танҳо ҳамчун манбаи неъматҳои моддӣ, балки ҳамчун сарчашмаи илҳом, зебоӣ, оромиши рӯҳ ва арзишҳои маънавию фарҳангӣ эътироф гардидааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21 октябри соли 2026 (№1231), гули Лола ва гули Сиёҳгӯш (Сиёвуш) расман ҳамчун гулҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуданд.

Гулҳо қисми ҷудонашавандаи гуногунрангии ҳаёти инсон ва ороиши он ба шумор мераванд. Гулҳо «аз лаҳзаи таваллуд то нафаси охирини инсон ҳамсафари ӯ мебошанд». Гулҳо на танҳо ҳамчун унсури ороишӣ ва таҷассумгари зебоии табиат, балки ҳамчун воситаи ифодаи эҳсосоту андешаҳо, орзуву ормонҳо ва арзишҳои маънавии инсон хизмат намудаанд. Тасвир ва тафсири бадеии онҳо ба ҳунармандони макон фароҳам овардааст, ки тавассути ранг, шакл, образ ва рамзҳо ҷаҳони ботинии инсон, муносибати ӯро бо табиат ва паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ инъикос намоянд. Аз ин рӯ, мавзӯи гулҳо дар тӯли асрҳо ҳамчун манбаи бепоёни илҳом ва майдони васеъ барои зуҳури истеъдод, маҳорати эҷодӣ ва тафаккури бадеии муаллифон арзёбӣ гардидааст.

Лола ҳамчун таҷассумгари зебоӣ, меҳру муҳаббати модар, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ мақоми хоса дорад. Ин гул дар зеҳни мардум на танҳо рамзи ҳусну тароват, балки ифодагари самимият, меҳрубонӣ ва пайванди наслҳо бо анъанаҳои миллӣ низ ба шумор меравад. Сиёҳгӯш бошад, бештар бо эҳёи табиат, бедоршавии олами атроф пас аз фасли сармо ва таҷассуми зебоии нотакрори муҳити зист алоқаманд аст. Пайдоиши он аз оғози зиндагии нав, таровати баҳорӣ ва неруи созандаи табиат дарак медиҳад. Ба шарофати хусусиятҳои баланди ороишӣ, барвақт гул кардан ва имконияти парвариш дар тамоми минтақаҳои табиию иқлимии кишвар, лола яке аз маъмултарин ва маҳбубтарин зироатҳои гулдори пиёзакӣ дар байни гулпарварон ба ҳисоб меравад.

Зебоӣ ва шукуфоии лола дар фасли баҳор аз замонҳои қадим диққати одамонро ба худ ҷалб намуда, ин гулро ба объекти парастиш ва ситоиш табдил додааст. Дар Ҳолланд дар асри XIX лола ба зироати тиҷоратӣ табдил ёфта, ҳаракати густурдаи «лолафурӯшӣ» ва падидаи маъруф бо номи «лолаомания» ба вуҷуд омад.

Гули лола дар ҳаёти инсон нақши муҳим бозида, «ҳам дар ҷангҳо ва ҳам дар базму зиёфатҳо, инчунин дар маросимҳои бошукӯҳи дафн стифода мебурданд, инчунин барои ороиши қурбонгоҳҳо ва ҳамчун гиёҳи сеҳрнок ва шифобахш шинохта мешуд.

Гули сиёҳгӯш яке аз қадимтарин гулҳои рӯйи замин ба шумор меравад, ки ин дар афсонаҳо, ривоятҳо ва нақлҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Пайдоиши он бо оғози ҳастӣ ва ҳаёт дар маҷмӯъ алоқаманд дониста мешавад: «...мегӯянд, ки як дона барф ҷуръат карда, ба гул табдил ёфт, то бо гармии худ заминро гарм кунад. Ин гул заминро гарм кард ва дар он ҳаёт пайдо шуд»

Тибқи ривояти библиявӣ бошад, «вақте ки Одаму Ҳаво аз биҳишт ронда шуданд, барфи зиёд меборид ва Ҳаво хеле хунук хӯрда буд. Он гоҳ чанд дона барфак мехостанд бо меҳрубонии худ ӯро гарм кунанд ва ба гул табдил ёфтанд. Ҳаво онҳоро дида, шод гардид ва дар дилаш умед пайдо шуд. Аз ҳамин сабаб, гули сияҳгӯш рамзи умед гардид».

Гулҳои нахустини баҳорӣ, ки ба барф шабоҳат доранд, дорои маънои рамзии устувор мебошанд: эътиқоди нек ба оянда, ҷасорат, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва бегуноҳӣ мебошанд. Ин гулҳои нозук ва сафед рамзи шуҷоати беандоза буда, онҳо «аввалин шуда, ба муборизаи якка ба якка бо зимистони сарду сахт ворид мешаванд» .

Ҳамин тариқ, ин гулҳо на танҳо рамзи зебоии зоҳирии табиат, балки инъикосгари арзишҳои маънавию фарҳангӣ, эҳсосоти инсонӣ ва ҳолатҳои гуногуни равонии инсон низ мебошанд. Гулҳои миллӣ бар иловаи зебоии табиати Тоҷикистон, метавонанд эҳсосоти амиқи миллӣ ва фарҳангии мардумро ифода намоянд.

 

 

Наврузшоева Г.Х., номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика

 


23.10.2026 15

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php