НБО “РОҒУН” - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳалаи нави давлатдорӣ, балки заминаи асосии бунёди сиёсати мустақилонаи иқтисодиву иҷтимоӣ гардид. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иқтисодии солҳои аввали истиқлол, роҳи устувори рушдро интихоб намуда, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ оғоз намояд. Дар ин раванд яке аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин ҳадафҳо расидан ба истиқлоли энергетикӣ ба ҳисоб мерафт. Маҳз дар доираи татбиқи ҳамин ҳадаф сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншооти бузурги аср аҳамияти калидӣ пайдо намуд.
Имрӯз “Роғун” на танҳо як неругоҳи азими барқӣ, балки рамзи истиқлол, иродаи қавии миллӣ, ваҳдати мардум ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин иншооти муҳташам далели равшани он аст, ки миллати тоҷик дар фазои соҳибистиқлолӣ қодир аст бузургтарин ормонҳои давлатдориро амалӣ намояд.
Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ барои Тоҷикистон солҳои зиёд яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Солҳои аввали истиқлол кишвар бо буҳрони шадиди энергетикӣ рӯ ба рӯ гардид. Маҳдудияти неруи барқ, хусусан дар фасли зимистон, ба иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонд. Дар чунин шароит зарурати истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат пеш омад.
Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои обӣ яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тибқи арзёбиҳо, имконияти истеҳсоли неруи барқи обии кишвар хеле бузург аст, вале солҳои тӯлонӣ танҳо қисми ками он истифода мешуд. Аз ҳамин лиҳоз, роҳандозии сохтмони Неругоҳи “Роғун” ҳамчун калид ба истиқлоли энергетикӣ арзёбӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба масъалаи рушди энергетика диққати махсус зоҳир намуда, сохтмони Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти давлат номиданд. Маҳз бо иродаи қавии сиёсӣ ва дастгирии мардум татбиқи ин лоиҳаи бузурги миллӣ марҳала ба марҳала идома ёфт.
“Роғун” ҳамчун иншооти азими гидроэнергетикӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Ба истифода додани агрегатҳои он имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон на танҳо талаботи дохилиро пурра бо неруи барқ таъмин намояд, балки ба яке аз кишварҳои содиркунандаи барқ дар минтақа табдил ёбад. Ин раванд барои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешрафти соҳибкорӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Имрӯз аллакай натиҷаҳои аввалини фаъолияти неругоҳ эҳсос мешаванд. Бо ба кор даромадани агрегатҳои аввалини “Роғун” иқтидори энергетикии кишвар афзоиш ёфта, имкониятҳои нави иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд. Дар баробари ин, сохтмони неругоҳ ба рушди инфрасохтор, роҳсозӣ, бунёди шаҳракҳо ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии сокинони минтақа мусоидат намуд.
“Роғун" аҳамияти бузурги сиёсӣ низ дорад. Ин иншоот рамзи тавоноии давлатдории миллӣ ва нишондиҳандаи эътимоди мардум ба сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ кишваре метавонад мавқеи устувор дошта бошад, ки аз лиҳози энергетикӣ мустақил бошад. Аз ин рӯ, истиқлоли энергетикӣ ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки масъалаи энергетика дар ҷаҳон ба яке аз омилҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бисёр кишварҳо барои таъмини амнияти энергетикӣ маблағҳои калон сарф мекунанд. Тоҷикистон бошад, бо истифода аз имкониятҳои табиии худ роҳи рушди “энергияи сабз”-ро интихоб намудааст. Ин сиёсати дурбинона на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба ҳифзи муҳити зист низ мусоидат менамояд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ба масъалаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар ин самт Тоҷикистон имкониятҳои бузург дорад. “Роғун” ҳамчун неругоҳи барқи обӣ ба истеҳсоли неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд. Ин омил барои коҳиш додани партовҳои зараровар ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон, “Роғун” метавонад дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ нақши муҳим бозад. Содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя барои рушди иқтисодии минтақа ва таҳкими муносибатҳои дӯстона мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла интиқоли неруи барқ ба кишварҳои дигар, нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари муҳими энергетикии минтақа табдил меёбад.
Дар баробари аҳамияти иқтисодиву сиёсӣ, “Роғун” дорои аҳамияти бузурги маънавӣ низ мебошад. Ин неругоҳ мардумро муттаҳид сохт ва эҳсоси ватандӯстиву худшиносиро таҳким бахшид. Мардуми Тоҷикистон дар марҳалаҳои гуногуни сохтмони “Роғун” саҳми худро гузоштанд. Ин рӯҳияи ҳамбастагӣ ва дастгирии миллӣ бори дигар собит намуд, ки миллат метавонад бо иттиҳоду ваҳдат ба ҳадафҳои бузург ноил гардад.
Дар шароити таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавзуи “Роғун” аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ имконияти воқеии татбиқи ин ормони бузурги миллӣ фароҳам омад. Агар Тоҷикистон истиқлол намедошт, эҳтимол татбиқи чунин лоиҳаи азим ғайриимкон мегардид. Аз ин рӯ, Роғун ва Истиқлол мафҳумҳои ба ҳам пайвастаанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик бояд дарк намоянд, ки “Роғун” танҳо як неругоҳ нест, балки мактаби ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад. Насли ҷавон вазифадор аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи давлат саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро ояндаи Тоҷикистон маҳз ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти созандаи ҷавонон вобаста аст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи захираҳои обӣ ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд. Дар ин замина “Роғун” метавонад ҳамчун намунаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ хизмат намояд.
Неругоҳи барқи обии “Роғун” бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Он таҷассумгари иродаи қавии сиёсӣ, меҳнати содиқонаи мардум ва ояндаи дурахшони давлат мебошад. “Роғун” ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ба кишвари аз лиҳози энергетикӣ мустақил ва иқтисодан пешрафта табдил ёбад.
Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди ватандӯст бо ифтихор метавонад изҳор намояд, ки “Роғун” рамзи пирӯзии миллат, нишонаи қудрати давлат ва чароғи фардои ободи Тоҷикистон аст. Ин иншооти азим на танҳо имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ манбаи ифтихор ва умед хоҳад монд.
Матинов Ш. Қ.-сардори шуъбаи таҷрибаомузӣ