НАВБАТДОРӢ ДАР ХОБГОҲИ № 6

НАВБАТДОРӢ ДАР ХОБГОҲИ № 6

Мувофиқи нақшаи кори тарбиявӣ 6 ноябри соли 2026 омӯзгорони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона Ашурова А.Қ. (ассистенти тарбиявӣ) ва Муродов Ғ. З. навбатдорӣ дар хобгоҳи № 6 гузарониданд. Зимни он, вобаста ба мавзӯи «Конститутсия - бахтномаи миллат», оид ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ ва нақши он дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории давлат, таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар идомаи чорабинӣ оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ маълумот дода шуд. Донистану эҳтиром намудани Конститутсия, риояи қонунгузории кишвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар таҳкими сулҳу субот вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ва сокинони он мебошад.

Таваҷҷуҳи хос дода шуд ба масъалаҳои риояи тартиботи дохилии хобгоҳ ва гигиенаи шахсӣ, нигоҳ доштани тозагӣ, беҳдошти муҳити зист ва масъулияти ҳар як донишҷӯ дар нигоҳубини муҳити зисти умумӣ.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


10.11.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php