НАМОИШИ ФИЛМИ «МОҲИ ДАР ШАСТ» ВА АҲАМИЯТИ ТАРБИЯВИИ ОН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ
4 майи соли ҷорӣ дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ намоиши филми ҳунарии «Моҳи дар шаст», ки маҳсули киностудияи «Довфилм» мебошад, баргузор гардид. Дар ин намоиш устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, филмро бо шавқу завқи зиёд тамошо карданд. Филм бо муҳтавои пурмазмун ва бозии ҷолиби ҳунармандон диққати ҳозиринро ҷалб намуда, ба онҳо таассуроти амиқ бахшид.
Ҷиҳати тарбиявии филм низ хеле назаррас буда, он масъалаҳои муҳимми ахлоқӣ, қадршиносии арзишҳои инсонӣ, эҳтиром ба гузашта ва масъулияти иҷтимоиро инъикос менамояд. Чунин мазмун ба тарбияи маънавии ҷавонон таъсири мусбат расонида, онҳоро ба андешидани мавқеи дуруст дар ҷомеа раҳнамоӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки филми ҳунарии «Моҳи дар шаст» яке аз беҳтарин филмҳои даврони Истиқлол маҳсуб ёфта, дар 33 фестивали байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 27 ҷоиза гардидааст.
Муовинати тарбия