НАМОИШГОҲИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ, ИЛМӢ ВА ИСТЕҲСОЛИИ «ФАРМАТСИЯ» БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ
Санаи 6 апрел дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” таҳти унвони «Якҷоя ба суи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм” дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корвони саломатӣ баргузор гашт ва шаҳрвандони мамлакат ба хизматрасонии тибби ройгон фаро гирифта шуданд. Дар чорабинии мазкур кормандони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” иштирок намуда, дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар рафти аксияи ҷумҳуриявӣ ба шахсони муроҷиаткарда маводҳои истеҳсолшудаи Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ба тариқи ройгон пешниҳод карда шуданд. Инчунин, ба ниёзмандон оиди хусуссиятҳои табобатии растаниҳои шифобахш ва тариқи дуруст тайёр намудан ва истифодаи онҳо маълумоти муфассал дода шуд.
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»