НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРӢ ВА ТАҶРИБАИ ВАҲДАТСОЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

 НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРӢ ВА ТАҶРИБАИ ВАҲДАТСОЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуд, ки дар натиҷаи он соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар ба буҳрони шадид дучор гардида, давлатро ба марҳилаи харобӣ ва таназзул расонд. Гарчанде 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон шуда буд, аммо дар кишвар ҳанӯз фазои оромӣ ва субот барқарор нашуда буд. Бо гузашти вақт вазъият боз ҳам печидатар гардида, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ пайваста коҳиш меёфтанд. Неруҳои манфиатдори дохилӣ ва хориҷӣ, ки ҳадафашон заиф ва пароканда сохтани давлат буд, барои барқарор шудани сулҳу оромӣ талош намекарданд. Баръакс, дар натиҷаи фитнаву дасисаҳои гуногун миёни мардум низоъ ба вуҷуд омада, халқи тоҷик, ки ҳамеша бо хислатҳои инсонпарварӣ, меҳрубонӣ ва таҳаммулпазирӣ маъруф буд, ба даргириҳои бародаркушона кашида шуд. Оқибати ин вазъ фоҷиабор буда, ҳазорон нафар маҷбур шуданд тарки хонаю диёр кунанд ва шумораи зиёде ҷони худро аз даст доданд. Дар натиҷа, сарзамини тоҷикон ба майдони хунрезӣ табдил ёфт. Ин манзараи талхро шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ дар ашъори худ чунин ба тасвир кашидааст:

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,

Будӣ байтушшарафам, гаштаи байтулҳазанам.

Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,

Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам?

Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,

Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.

Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?...

 

Мутаассифона, ин вазъи ногувор то соли 1992, яъне то замони ба роҳбарияти давлат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат идома ёфт. Дар ин давра нооромиҳо ва низоъҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳамоно шиддат гирифта, ба ҳаёти мардум ва рушди кишвар таъсири манфии ҷиддӣ мерасониданд. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз шахсияти дурандешу ватандӯсте ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки барои хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва аз байн бурдани тухми кинаву тафриқа миёни мардум талошҳои бузург анҷом дод. Маҳз бо саъю кӯшиши ӯ заминаҳои устувори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа гузошта шуданд.

Вақте ки Тоҷикистон, дар хоку хун ниҳон буд,

Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд,

Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,

Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд.

Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сиёсии худ ҳамчун роҳбари давлат бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ ва бо такя ба андешаи созандаву дурандешонаи сиёсӣ, масъалаи таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуданд. Маҳз, бо ҳамин ҳадаф, Сарвари давлат мардуми Тоҷикистонро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи ғояҳои давлатдории миллӣ даъват намуда, пайваста таъкид менамуданд, ки ояндаи миллат танҳо дар сурати ҳамбастагии ҷомеа ва вафодорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ таъмин мегардад. Дар роҳи расидан ба сулҳу оромӣ роҳбарияти олии кишвар мавқеи сулҳҷӯёна ва созандагиро пеш гирифта, борҳо неруҳои мухолифини сиёсиро ба идомаи муколама ва музокироти созанда даъват намуданд. Зимни чунин ташаббусҳо таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти дохилии кишвар бояд бо иродаи худи мардуми тоҷик ва дар асоси манфиатҳои миллӣ сурат гирифта, такя ба омилҳои беруна наметавонад, кафили суботу рушди устувори ҷомеа бошад. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат, бо намояндагони мухолифин борҳо музокироти расмӣ баргузор гардида, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Ин санади таърихӣ на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки ҳамчун заминаи устувори ташаккули ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи кишвар аҳамияти бузург пайдо намуд.

 

Таҷрибаи таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва воқеаҳои начандон дури гузашта собит месозанд, ки танҳо ба даст овардани истиқлол барои пешрафт ва рушди устувори давлату миллат кофӣ нест. Зеро пойдории истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагии ҷомеа ва иродаи муштараки мардум вобаста мебошад. Аз ин рӯ, таҳти парчами истиқлол, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили калидии таъмини суботи сиёсӣ, таҳкими давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад. Бо назардошти ҳамин воқеият, Пешвои миллат Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ҳамчун ду арзиши муҳими таърихӣ дар як радиф қарор дода, аҳамияти онҳоро барои бақои давлат ва рушди минбаъдаи ҷомеа таъкид менамоянд. Чунонки таъкид намудаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намуд».

 

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун ду рукни асосии давлатдории навини тоҷикон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи созандаи кишвар нақши муайянкунанда доранд.

 

Лоиқ Шералӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик, ки дар солҳои пурҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дарди миллатро ҳамчун фарди бедордил ва ватандӯст бо тамоми ҳастии худ эҳсос менамуд, масъалаи сулҳу ваҳдатро дар маркази андешаҳои эҷодии худ қарор дода буд. Шоир фоҷиаи парокандагии ҷомеа ва ранҷу азоби мардумро амиқан дарк намуда, орзуи барқарории оромиву ҳамдигарфаҳмиро дар ашъори худ бозтоб медод. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, зимни истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиқ Шералӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фарорасии сулҳ шеъре ироа намуд, ки ҳамчун садои қалби мардуми тоҷик ва таҷассумгари эҳсоси умумимиллӣ пазируфта гардид:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадори мо омад.

Кӯю барзан пур аз гадоён буд,

Фурсати шоҳкори мо омад.

Пири Канъоно, чашми ту равшан!

Юсуфи дилфигори мо омад.

Мурдаҳо норизо зи мо буданд,

Фотиҳа бар мазори мо омад.

Чор сӯ буд тирборонҳо

Яке тири барори мо омад.

Ахтари наҳс аз сари мо рафт,

Ахтари саъд ёри мо омад.

Аз сари мо хазонфишон бигзашт,

Гулфишони баҳори мо омад.

Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,

Нангу ному виқори мо омад.

Ҳоли зору низори мо бигзашт,

Вақти ҷуду нисори мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

 

Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик натиҷаи сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои сулҳофари миллат ба ҳисоб меравад. Корномаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот, таъмин намудани ризоияти миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳимми таърихи муосири кишварро ташкил медиҳад. Маҳз, бо сиёсати дурандешона ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ барои ба даст овардани сулҳ, барқарор намудани ваҳдати ҷомеа ва фароҳам овардани шароити рушди устувори Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ гузошта шуданд. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон ҳамчун намунаи нодири ҳалли ихтилофоти дохилӣ эътироф гардида, хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва таъмини Ваҳдати миллӣ ҳамчун корномаи бузурги сиёсӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон боқӣ хоҳад монд.

Асламова Г.К.- сардори шуъбаи тарбия


22.06.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php