НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар кафедраи рентгенология ва радиологияи Донишгоҳ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.                              

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр таҷлил мешавад. Ин сана барои бознигарӣ ба роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, арҷ гузоштан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ аҳамият дорад. Таҷлили он дар кафедра имкон медиҳад, ки ин арзишҳо аз дидгоҳи касби табиб баррасӣ шаванд.                                

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Пас аз намоиши навори бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи рентгенология ва радиология, номзади илмҳои тиб, дотсент Сайфиддинзода М. Б. бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳозирин муроҷиат намуд. Зимни суханронӣ ӯ аз саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуд.          

Дар идомаи чорабинӣ дотсенти кафедра ва саррентгенологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов В. Ш. суханронӣ кард. Меҳмони чорабинӣ, арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои тиб, профессор Мироҷов Ғиёсудин Қутбудинович низ дар назди ҳозирин суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ академик Мироҷов Ғиёсудин Қутбудинович Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фурсати арҷгузорӣ ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки сулҳу субот дар кишвар барои рушди маорифу тандурустӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Академик ҳамчунин ба табибони оянда ёдовар шуд, ки ҳифзи дастовардҳои сулҳ ва хизмат ба ҷомеа аз масъулияти шаҳрвандии ҳар яки онҳо оғоз меёбад.

Кафедараи рентгенология ва радиология


16.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php