НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

(Аз суханронии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш. 1 сентябри соли 2014, шаҳриДушанбе)

         Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад.

Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи мақоми омӯзгор» якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсил барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассире ҳастанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд.

Дуруст аст, ки агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбӣ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад. Чунин суханони руҳбаландкунанда дили ҳамаи, омӯзгоронро ба иҷрои рисолати касбӣ гармтар ва рағбати онҳоро дар роҳи таълиму тарбияи босифат ва рушд додани неруи зеҳнии миллат дучанд менамояд.

Натиҷаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат аз ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ин аст, ки бояд омӯзгор чеҳраи саршинос, машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ бошад ва маориф ҷодаи афзалиятноки ҳаёти ҷомеа шинохта шавад.

Набояд фаромӯш кунем, ки муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегардид.

Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим боақл, бохирад, ботаҳаммул муносибат мекунад.

Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа, насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст.

Омӯзгор шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хидмати халқу ватан қадр доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бо нангу номуси ватан аст.

 

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардидан дар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.
Пешгарду раҳнамою бо фару заҳматқарин,
Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.
Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,
Пояи давлат бувад Омӯзгори некном.

 



Гулзода М. Қ. - дотсенти кафедраи биохимия

 


01.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php