НАҚШИ МАҚОМОТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ МАҚОМОТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таъмини амнияти миллӣ нақши муассир гузоштанд. Маҳз бо заҳмати шабонарӯзии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар меҳвари сиёсати сулҳипарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои зиёди ҷаҳони муосир, ки ба амнияти давлати мо хатар эҷод мекард, пешгирӣ карда шуд. Дар ин гузориши мухтасар дар такя ба маълумотҳои дастрасгардида мо танҳо нақши Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешгирии хатарҳои ифротгароиву экстремизм давоми 5 сол ба риштаи таҳлил кашидем. Соли 2011 вобаста ба паҳн кардани идеяҳои «салафия», ки ҳамчун таълимоти ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон маълум аст, имом Сироҷиддин Абдурахмонов бо лақаби Мулло Сироҷиддин ва шаш нафар аз тарафдорони вай дастгир шуда ба муҳлати аз се то ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Дар соли 2011 дар мадрасаҳои хориҷӣ зиёда аз 2388 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва аксарияти онҳоро ноболиғон ташкил медоданд.Мактабҳои алоҳидаи динӣ ки дар асоси мазҳабҳои ғайрианъанавӣ ба толибилмон дарс медоданд, дар нуқтаҳои гуногуни Тоҷикистон кушода мешуданд. Аз он ҷумла дар ҷамоати Сомони ноҳияи Ҳисор шаҳрванд Мансур Махмудов (72 сола), бо лакаби Шайх Мансур, дар хонаи худ макотиб кушода аз рӯи барномаи динӣ дарс медод. Дар ноҳияи Шаҳри Нав шаҳрванд Мубинхон Ходиев, бо лакаби Корӣ Мубин дар хонааш мактаб кушода, дар он барои шаш нафар толибилмон   дарсҳои таълимии диниро мегузаронид. Соли 2011 беш аз 200 нафар ва дар соли 2012 144 нафар аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ дастгир шуданд ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. 19 январи соли 2013 амалиёти террористӣ бо роҳи худкушӣ дар шаҳри Истаравшан мушоҳида гардид, ки ин дар таърихи амалиётҳои террористӣ аввалин воқеаи худкушӣ буд. Соли 2014 танҳо дар вилояти Суғд 173 ҷинояти дорои характери экстремистӣ ба кайд гирифта шуд. Дар умум дар соли 2014 аз тарафи органҳои давлатӣ 116 нафар бо   338 ҷинояти содиршуда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Нисбати 319 нафар 124 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд.

Дар давоми солҳои 2010-2015, нисбати 130 нафар аъзоёни гуруҳҳои террористӣ, ки дар ҳаракатҳои ҷангӣ дар Сурия иштирок карданд,   парвандаҳои ҷиноятии дорои характери тарбиявӣ ва пешгирикунанда, амалӣ шуданд. Мувофиқи маълумоти Бюро Интерпол ва Прокуратураи ҶТ аз кишвари Сурия 100 нафар аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва 47 нафар аъзои хонаводаашон ба Тоҷикистон баргаштанд ва фиристондани 34 нафар пешгирӣ гардид.

Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Точикистон дар давраи ҳозира яке аз умдатарин масоилҳои давр ба ҳисоб меравад. Ҳифзи марзу буми кишвар на танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ балки ӯҳдадории аҳли улум ва коркунони маорифу фарҳанг ба ҳисоб меравад.Аз ин рӯ таҳкими барномаи махсус баҳри суботи кишвар на танҳо дар соҳаи сиёсӣ, балки дар соҳаи фарҳангию илмӣ бояд дар мадди назари Хукумати Ҷумҳурии Точикистон қарор дошта бошад.Бояд тазакур дод,ки дар давраи ҳозира бо таъсири бисёр равандхои замони муосир дар ҷомеаи мо навоварихо ворид гаштанд, ки ҳам таъсири мусбӣ ва ҳам манфиро доранд.

Пурсишҳо дар миёни ҷавонон нишон медиҳанд, ки қисме аз ҷавонон дар як рӯз зиёда аз 6 соат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Бо чунин   нишондодҳо мо гуфта метавонем, ки маҳз интернет ҷаҳонбинии ҷавононро «сайқал» медиҳад ва онҳоро ба ҳар гуна корҳои зишт ҳидоят мекунад.   Омилҳои манфии шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз ҳама аз тарафи душманони миллат бо мақсади вайрон кардани низоми устувори ҷомеа истифода мешаванд ва   аксарияти чунин сарчашмаҳои хабарӣ аз тарафи ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ва ҳомиёни хориҷии онҳо таъсис дода мешаванд.


Иргашева Ҷ. З., Арабзода С. Н.-омӯзгорони

кафедраи физиологияи нормалӣ


02.11.2024 306

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php