НАҚШИ КИТОБИ “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

НАҚШИ КИТОБИ “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати фарҳангиву сиёсӣ масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа табдил ёфтааст. Ҳар миллат барои нигоҳ доштани ҳастии миллӣ, забон, фарҳанг ва истиқлолияти худ ба насли ҷавони худ такя мекунад. Дар ин замина, осори гаронбаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик, махсусан китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, нақши бузурги маънавӣ ва тарбиявӣ доранд.

«Шоҳнома» на танҳо як шоҳасари адабӣ, балки оинаи таърих, фарҳанг, ахлоқ ва худшиносии миллӣ мебошад. Абулқосим Фирдавсӣ тавассути ин асар арзишҳои олии инсондӯстӣ, адолат, ҷавонмардӣ ва муҳаббат ба ватанро тарғиб намудааст. Аз ҳамин ҷиҳат, омӯзиши «Шоҳнома» барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти махсус дорад.

Муҳимтар аст, ки дар ин љо ба худи масоили ватандӯстӣ мурур карда шавад. Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ буда, муҳаббат ба ватан, ҳифзи истиқлолият, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, инчунин омодагӣ барои хизмат ба мардум ва давлатро дар бар мегирад. Ҷавононе, ки дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия меёбанд, дорои ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва иродаи қавӣ мегарданд.

Имрӯз ҷомеа ба ҷавононе ниёз дорад, ки на танҳо донишманд, балки соҳибватан, худшинос ва ҳимоятгари арзишҳои миллӣ бошанд. Дар ин самт «Шоҳнома» ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ метавонад, нақши муассир бозад.

«Шоҳнома» таърихи чандинҳазорсолаи мардумони эронитаборро дар бар гирифта, муборизаи қаҳрамононро барои ҳифзи сарзамин ва озодии миллат тасвир мекунад. Дар тамоми достонҳои асар ғояи муҳаббат ба ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар мақоми марказӣ дорад. Фирдавсӣ дар асари худ Ватанро ҳамчун муқаддастарин арзиш муаррифӣ намуда, қаҳрамонони худро барои ҳифзи он ба мубориза мебарад. Маҳз, ҳамин хусусият «Шоҳнома»-ро ба як мактаби бузурги ватандӯстӣ табдил додааст.

Яке аз қаҳрамонони асосии «Шоҳнома» Рустам мебошад. Ӯ тамоми умри худро барои ҳифзи Эрон сарф мекунад. Ҷасорат, далерӣ, садоқат ва ҳисси баланди масъулияти ӯ нисбат ба давлат намунаи ибрат барои ҷавонон аст. Фирдавсӣќаҳрамони асарашро тарзе ба хонанда љилва додааст, ки ӯ ҳаргиз манфиати шахсиро аз манфиати Ватан боло намегузорад. Ӯ дар лаҳзаҳои душвортарин барои наҷоти кишвар ба майдон мебарояд. Ин образ ҷавононро ба шуҷоат, иродаи қавӣ ва муҳаббат ба сарзамин ҳидоят мекунад.

Образи Сиёвуш яке аз таъсирбахштарин чеҳраҳои «Шоҳнома» мебошад. Ӯ ҷавони поквиҷдон, ростқавл ва ватанпарвар аст. Ҳатто ҳангоми дурӣ аз Ватан ӯ ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқии худ содиқ мемонад. Сиёвуш нишон медиҳад, ки ватандӯстӣ танҳо дар ҷангидан нест, балки дар ҳифзи шаъну шарафи миллат, ростқавлӣ ва инсонгароӣ низ зоҳир мегардад.

Дар достони Коваи Оҳангар идеяи мубориза бар зидди зулм ва ҳимояи мардум хеле равшан ифода ёфтааст. Кова мардумро бар зидди Заҳҳоки золим муттаҳид намуда, барои озодии кишвар мубориза мебарад. Ин достон ба ҷавонон меомӯзад, ки инсон бояд нисбат ба тақдири ҷомеа бетараф набошад ва барои адолат ва озодӣ мубориза барад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар тарбияи ҷавонон худшиносии миллӣ мебошад. Миллате, ки таъриху фарҳанги худро намедонад, наметавонад, ояндаи устувор созад. «Шоҳнома» ҳисси ифтихор аз гузашта, эҳтиром ба забон ва фарҳанги миллӣ, инчунин ваҳдати миллиро тақвият медиҳад. Фирдавсӣ бо забони ноби форсӣ тавонист, фарҳанги миллиро ҳифз кунад ва ба наслҳои баъдӣ мероси бузурги маънавӣ гузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши «Шоҳнома» ҷавононро ба қадршиносии забон, фарҳанг ва таърихи миллат раҳнамоӣ мекунад.

Дар давраи муосир, ки таъсири фарҳангҳои бегона зиёд гардидааст, тарбияи маънавии ҷавонон аҳамияти бештар пайдо мекунад. «Шоҳнома» метавонад, ҷавононро аз бегонапарастӣ дур сохта, онҳоро дар руҳияи худогоҳӣ ва ватандӯстӣ тарбия намояд. Омӯзиши асар дар муассисаҳои таълимӣ, баргузории озмунҳои адабӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва таҳқиқоти илмӣ метавонад, таваҷҷуҳи ҷавононро ба мероси миллӣ зиёд намояд. Маҳз, бо назардошти ин ва чандин ғояҳои дигари ин шоҳасар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон вобаста ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров рӯзи 5.12.2023 дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад. Ва, хушбахтона, ин иќдоми наљиб аллакай амалӣгардиду ин шоҳасар дар ҳар як хонадони тољик вуљуд дорад.

Паҳлуҳои дигари худшиносиву ватандӯстии “Шоҳнома” ин аст, ки таъриху фарҳанги миллат ва расму оини миллиро ба ҷаҳониён ошно намуда, халқи тоҷикро ба эҳтирому арҷгузорӣ намудан нисбати суннатҳои миллии аҷдодон талқин менамояд. Дар достонҳои мухталифи асар роҷеъ ба ҷашнгирии Наврӯз, Меҳргону Тиргон ва Сада маълумот манзур гардидааст, ки ин ҷашнҳоро ба хонанда муаррифӣ намуда, ҳамзамон, аз соҳибфарҳангии халқи тамаддунофари тоҷик шаҳодат медиҳад.

Боиси таассуфи зиёд аст, ки муаллифи ин шоҳасари безавол бо вуҷуди он ки умри худро сарфи таълифи «Шоҳнома» карда бошад ҳам, дар айни пиронсолӣ аз пайи туҳмати бадхоҳон гуреза гардида, ба хориву зорӣ умр ба сар бурдааст. Вале, хушбахтона, мероси аз худ боқӣ гузоштааш номи ӯро абадзинда гардонидааст. Ҳамчунон, ки Аллома Иқбол ишора дорад:


Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми мо кушод.

Рахт боз аз нестӣ берун кашид,

Чун гул аз хоки мазори худ дамид.

Дар воқеъ, Ҳаким Фирдавсӣ номи хешро дар дили аҳли хирад бо офаридани «Шоҳнома» ҷовидона намуд. Он сон, ки худи шоир баён доштааст:


Яке бандагӣ кардам, эй шаҳрёр,

Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пайафкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Аз ин нома бас умрҳо бигзарад,

Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

 

Мутаассифона, дар гузашта бадхоҳону нотавонбинон ва ҳасудони Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ ба бадкунии Фирдавсӣ дар ҳузури Султон Маҳмуди Ғазнавӣ пардохта, ӯро овораву дар ба дар намуда, бо ин қонеъ нагардида, халқро бар он водор менамуданд, ки “Шоҳнома”-ро нахонанд. Ҳатто аз рӯйи гуфтаҳои муаллифи “Шеър-ул-Аҷам” бо супориши Султон Маҳмуд шоирони дарбори ӯ «Маҳмуднома», «Тоҷ-ул-футуҳ», «Давлатнома» ном асарҳоеро таълиф намудаанд, ки диққати мардумро аз “Шоҳнома” дур намоянд. Муаллифи “Умарнома” дар муқаддимаи асараш чунин иброз медорад, ки азбаски мардум рӯ ба “Шоҳнома” наоранд, мо ба таълифи ин асар пардохтем. Яъне ин бар он маънӣ аст, ки “Умарнома” бар зидди “Шоҳнома” иншо гардидааст. Хушбахтона, бар хилофи ин, “Шоҳнома”, ки худ фарогирандаи руҳи миллӣ аст, ба ҳадде миёни мардум роиҷ гардид, ки ҳамаи мардум дар кучаву бозорҳо, шабнишиниҳо ва ҳатто мардони майдони ҳарбу набард низ аз забонашон шоҳбайтҳои “Шоҳнома” танинандоз будаву боис бар зафарёбиҳо гардидааст.

«Шоҳнома», ки худ асари қаҳрамониву паҳлавонист, инчунин, дар худ панду андарз дар роҳи худшинсии миллӣ ва ватандориву ватандӯстиро фаро гирифтааст, ки тӯли 1000 сол дар тарбияи сиёсиву маърифатӣ, хештаншиносию худогоҳиии миллӣ, ахлоқиву гуманистии халқҳои олам, ба хусус тоҷикон, мақом ва ҷойгоҳи хосаи худро дорост.

Ба ин маънӣ, ки Шоири шаҳри тољик устод Гулрухсор гуфтааст:

 

«Шоҳнома» Ватан аст,

«Шоҳнома» сухан аст.

Сухани бемаргӣ.

Шоҳнома рӯҳ аст,

Ба тани бемаргӣ.

Шоҳнома Ватан аст,

Ватани бемаргӣ.

Оре, оре,

Шоҳнома Ватан аст!

Ватане, к- аз ману ту,

Натавонанд ба шамшеру ба тазвир рабудан,

Шоҳнома хирад аст,

Хираде, ки ба ҷаҳон омӯзад,

Ҳунари аз аҷали ҷаҳл намурдан,

Шоҳнома адаб аст,

Адабе, к-аз самари сабзи дарахташ,

Ҷовидон баҳра бигирем.

Шоҳнома нафас аст,

Нафасе, к-аз ману ту гар бирабоянд,

Бимирем, бимирем, бимирем!

Ҳамин тариқ, “Шоҳнома” бузургтарин асари ҳамосавӣ аст, ки ғояҳои худшиносии миллӣ ва ватандӯстонаро инъикос намуда, дар тарбияи ҷавонон нақши бориз мегузорад. «Шоҳнома» на танҳо мероси адабӣ, балки мактаби бузурги ахлоқ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои ҷавонони имрӯз ва фардо мебошад.

Асламова Г.К.

-сардори шуъбаи тарбия


03.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php