НАҚШИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТАШАКУЛЛИ МАЛАКАҲОИ МЕҲНАТИИ ДОНИШҶӮЁН
Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷдодии мо сухан меравад ва он ҳама то замони мо омада расиданд. Аз ин бармеояд,ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нӯмуи илму фарҳанг ва ҳунари башари саҳми арзанда гузоштааст. Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда,ба маҳсули дасти онҳо бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда,мо бояд онҳоро омӯзем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд. Бо дарназардошти рӯз аз рӯз афзудани таваҷҷуҳ ба соҳаи фарҳангу ҳунар, аз ҷумла ба санъати тасвирию анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, рушди касбу ҳунарҳои аҷдодӣ, Ҳукумати кишварамон кӯшиш ба харҷ дода истодааст,ки анъанаҳои миллӣ, хунарҳои мардумӣ эҳё гардонида шаванд. Барои ҳунармандони асил эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд. Ҳунарҳои мардумӣ анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои муаррифии кишвар маҳбус мешавад.
Мақола ба истифодаи анъанаҳои миллӣ дар ташакулли малакаҳои меҳнатӣ дар шароити нави низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, муаллиф собит менамояд, ки яке аз роҳҳои самарабахши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ин омӯзонидани онҳо ба насли ояндаи миллат мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки барои равшанӣ андохтан ба ин масъала барномаи таълимии фанни технология (таълими меҳнат)дар муассисаҳои таълимии миёнаии умумӣ таҳлил ва баррасӣ шуда,нокифоябудани соатҳои таълимӣ барои омӯзонидани хонандагон бо нозукиҳои анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ муайян карда шуд. Собит мешавад,ки замони мо таҳқиқоти илмиӣ дар робитаи ба тарбияи ҷавонон ба назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеи назаррасро ишғол мекунанд. Ҳадафи мақолаи мазкур баҳодиҳӣ ва таҳлили рушди ҳунармандӣ ва таъсири он, ба хонандагон омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ ва дар ин замина ташшакул додани эҳтиром ва эҳёи фарҳанги ниёгон ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷамъияти мо анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардуми рушд ёфта,одамони касбу кори гуногун чанд намуди ҳунарҳои миллиро аз бар карда, шогирдони арзандаро тайёр намуда, барои пешрафти анъанаҳои миллӣ заминаи устувор гузошта истодаааст.
Ҳунар ва ҳунармадӣ, анъанаҳои миллӣ маҳсули хирад ва заҳмати дасти инсон буда, муаррифгари миллит, таъриху фарҳанг, табиату зебоипарастӣ ва шинохти кишвар мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишоф додани ҳунару ҳунармандӣ, истифодаи анъанаҳои миллӣ дар дарсҳои забони англисӣ тавваҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ин аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои 2019-2021, Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд. Хусусиятҳои истифодаи анъанаҳои миллӣ дар ташаккули малакаҳои меҳнатии омӯзиши забони англисӣ дар шароити нави низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мебошад,ки ҳар як таълимдиҳандаро мебояд, ки дар равиши дарсҳо аз анъанаҳои миллӣ истифода карда,моҳият ва хусусияти онро ба донишҷуён кушоду равшан баён намояд, то ки дар донишҷуён ҳисси миллӣ,эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ пайдо мешавад.
Хусусиятҳои истифодаи анъанаҳои миллӣ дар ташаккули малакаҳои меҳнатии омӯзиши забони англисӣ ва санъати тасвирӣ дар шароити нави низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии калон ва алоқаи мустаҳкам дорад. Зеро фаҳмонидани хусусиятҳои анъанаҳои миллӣ дар ташаккул додани маҳоратҳои донишҷуён дар дарсҳои забони англисӣ аз рӯйи нақшу сурати махсус, аёниятҳо вобаста ба самти ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти муҳимро фаро мегирад. Яъне, баробари омӯзондани хусусиятҳои анъанаҳои миллӣ дар дарсҳои забони англисӣ, санъати тасвирӣ низ ба марҳалаҳои нави инкишофи худ мерасад. Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таълими ҳунар ба насли оянда мебошад. Усулҳои самарабахше,ки дар ин росто ба кор бурда мешаванд ва то андозае мавқеи худро дар ҷомеа дарёфтаанд,аз мактаби анъанави устод-шогирд, омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ дар ҳошияи дарсҳои забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳову донишкадаҳо ба василаи ташкили маҳфилҳои ҳунармандӣ иборат мебошанд. Дар ин ҷода кӯшиш намоем, ки хусусиятҳои истифодаи анъанаҳои миллиро дар ташакукули малакаҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар дарсҳои забони англисӣ,технология (таълими меҳнат) таҳлил намуда,асосҳои ташкили маҳфилҳои ҳунармандиро дар раванди корҳои берун аз синфии муассисаҳои таълимӣ баррасӣ намоем. Дар ҳар як фанни таълимӣ дар раванди дарс омӯзгор бояд ба хонандагон моҳият ва хусусиятҳои истифодаи анъанаҳои миллиро дар ташаккули дониш ва ҳунаромӯзи аниқу равшан омӯзонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз қисмҳои таркибии тарбия ин тарбияи зебоишиносӣ мебошад, ки барои дар рӯҳияи зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ба камол расонидани насли наврас хизмат мекунад. Берун аз дарс ба хусусиятҳои истифодаи анъанаҳои миллӣ, санъати миллӣ шинос шудани хонандагон на фақат ба тарбияи зебоишиносӣ, балки барои дуруст фарогирии касб ёрӣ мерасонад. Мақсад ва вазифаи маҳфилҳои ҳӯнаромӯзи бедор кардани шавқи хонандагону донишҷуён ба санъати халқӣ ва баланд бардоштани маҳорати бадеӣ,донистани моҳият ва хусусиятҳои анъанаҳои миллӣ санъати амалии ниёгон мебошад.
Хулоса, бояд қайд кард, ки масъалаи мазкур хеле муҳим буда, давра ба давра ҳаллу фасл ёфта истодааст.
Ҳоҷиева С.Б.-ассистенти кафедраи гистология