НАҚШИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ИНКИШОФИ ИЛМҲОИ ТИБ ВА ФАЛСАФА

НАҚШИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ИНКИШОФИ ИЛМҲОИ ТИБ ВА ФАЛСАФА

Абуалӣ ибни Сино тахминан дар соли 980 дар деҳаи   Афшана   (Бухоро) дар оилаи   амалдор таваллуд   ёфтааст. Донишҳои замонашро аз худ намуда буданд. Ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ ҳамаи илмҳои   замона, аз он ҷумла тибро омӯхта буданд. Махсусан барои   омӯхтани адабиёт доир ба риштаҳои   мухталифи илму   фан   дар китобхонаи машҳури Сомониён, ки ба туфайли    муолиҷа кардани   амир Нӯҳ ибни Мансури       Сомонӣ ба   он ҷо роҳ ёфта буд,   аксарияти вақти худро ба мутоилаи    китобҳои он сарф    мекард, ки дар таҳсилоти шахси   ӯ мавқеи бағоят   калоне дошт. Ин солҳо барои Абуалӣ   ибни Сино давраи хеле пуркорӣ буданд. Вай ба табобат ва дарсгӯӣ   машғул мешуд, вазири   ҳокими Ҳамадон   буд ва ҳамзамон, асарҳои   бисёр таълиф менамуд. Абуалӣ ибни   Сино яке аз   бузургтарин мутафаккирони   тоҷику    форс буда, дар таърихи    тамаддуни башарият   мақоми   ба худ хосеро доро аст.

Китоби   ӯ “ал – Қонун   фи-т-тиб” беҳтарин   асар дар илми тиб буда, дар давоми   шаш асри ҳамчун дастур   барои духтурон ва   китоби   дарсӣ барои мактабҳои   тиббии тамоми Европа   хизмат кардааст. «ал-Қонун» дар Европа   чандин маротиба ба забони лотинӣ ва дигар забонҳо   нашр   гардидааст. Ҳарчанд   Сино мекӯшид то, ки   ақидаҳои пурмулоҳизаи худро аз ягон   ҷиҳат мутобиқи аҳкоми   шариат   ифода намояд, ки ин боиси дуият ва номустақили ӯ гардидааст,   вале, бо вуҷуди   ин, асли   моҳияти фалсафаи   ӯ ҳамчун пешқадамтарин сухани машоия   ба шумор   мерафт. Вай бар   хилофи   аҳкоми динӣ оид ба офариниши олам   абадияти   дунёро эътироф   намуд: баръакси   ҳукми шеъри   роҷеъ ба сарнавишти   илоҳӣ   таълимоти   қонуни сабабиятро дар табиат пеш   мебурд. Дар айни   замон , Абуалӣ ибни Сино   мавҷудияти худро эътироф   карда ва маҳвумоти   замони худ, рамзи     арқом ва монанди инҳоро    ҳақ напиндошта      дар мавқеи дуият монд.

Сафарова М.Ҷ.- муаллимаи калони кафедраи

фанҳои ҷомеашиносӣ

 


03.02.2025 692

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php