НАҚШ ВА МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

НАҚШ ВА МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Дар кафедраи фармакологияиДонишгоҳ бо ташаббуси ассистенти кафедра Касимова П.В. дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси дуюми факултети фарматсевтӣ, гурӯҳҳои 6, 7 ва 8 баргузор гардид.

Зимни дарс масъалаҳои мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, сиёсати хориҷии «дарҳои кушода», саҳми кишвар дар таҳкими сулҳу субот, дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо, рушди иқтисодию фарҳангӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, донишҷӯёни гурӯҳи 6 Шарипов М. ва Дунёи Ҷ. оид ба мавзуи мазкур маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуда, донишу андешаҳои худро ба иштирокдорон манзур карданд.

Таъкид гардид, ки шинохти таъриху дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва огоҳӣ аз мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.

Чунин чорабиниҳои маърифатӣ ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси ифтихори миллии донишҷӯён мусоидат менамоянд.

Кафедраи фармокология


14.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php