МУВАФФАҚИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ ТИББӢ БО АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ
Донишҷӯёни курси якуми факултети тиббии Донишгоҳ таҳти роҳбарии омузгорони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дар II фестивали илмии умумироссиявии тиббӣ-биологии «МЕДФЕСТ-2026» бо иштироки байналмилалӣ дар озмуни корҳои илмии донишҷӯён таҳти унвони «Актуальные вопросы медицинской биологии: вчера, сегодня, завтра» ба тариқи онлайн иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар натиҷаи иштироки фаъолона, донишҷӯён Саидова Салтанат Баҳодуровна ва Сангинова Замира Фаридуновна, донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳи 67, таҳти роҳбарии илмии мудири кафедра Ризозода О.А. сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Ҳамзамон, Улмасова Сафияхон Анваровна, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳи 64 ва Қодиров Самандар Темурович, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳи 12, таҳти роҳбарии илмии дотсенти кафедра Шахсуфбекова О.М. барои иштирок ва пешниҳоди корҳои илмии худ соҳиби сертификат гардиданд.
Муваффақияти мазкур натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи ҳайати омӯзгорони кафедра ба рушди қобилияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён буда, аз сатҳи баланди омодагии илмии онҳо дарак медиҳад. Ҳайати профессорону омузгорони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ғолибон ва иштирокчиёни озмунро табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо дастовардҳои нав ва комёбиҳои бештар таманно менамояд.