МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО ШУКӮҲУ ШАВҚУ ҲАВАС БАРГУЗОР ГАРДИД

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО ШУКӮҲУ ШАВҚУ ҲАВАС БАРГУЗОР ГАРДИД

Ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳ миёни донишҷӯёни курси якум мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни донишҷӯён роҳандозӣ карда шуд.

Дар мусобиқа дастаҳои донишҷӯёни курси якуми факултетҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, маҳорати варзишӣ, рӯҳияи дастаҷамъӣ ва иродаи қавии худро нишон доданд. Бозии футбол бо рақобати ҷолиб, муҳити гарму дӯстона ва ҳавасмандии зиёд ҷараён гирифта, таваҷҷуҳи мухлисонро низ ба худ ҷалб намуд.

Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат ва бозии ҷолиб, дастаи донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ (потоки 2) бо нишон додани маҳорати баланди техникӣ ва ҳамкории хуби даставӣ сазовори ҷойи якум гардид. Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, дастаҳои дигар низ бо нишон додани бозии хуб ва иштироки фаъолона дар мусобиқа саҳми арзандаи худро гузошта, барои рушди варзиш дар муҳити донишгоҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Бояд таъкид намуд, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ на танҳо ба рушди ҷисмонӣ, балки ба тарбияи маънавӣ, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба сӯи комёбиҳои нав ҳидоят менамоянд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


28.04.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php