МУШТИ ХОК ВА САРНАВИШТИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ
Таърихи миллатҳо на танҳо дар саҳифаҳои китобҳо, балки дар сарнавишти фарзандони содиқу ҷоннисори онҳо таҷассум меёбад. Ҳар миллате, ки барои бақои давлатдорӣ, ҳифзи ҳувият ва истиқлоли худ мубориза бурдааст, номи қаҳрамонони худро бо эҳтиром ва арҷгузорӣ ёд мекунад. Барои миллати тоҷик низ чунин шахсиятҳо кам нестанд. Яке аз чеҳраҳои барҷаста ва сарсупурдаи миллат, ки дар бунёди давлати нави тоҷикон саҳми арзишманд гузоштааст, Нусратулло Махсум мебошад. Номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун фарзанди далеру ватандӯст сабт гардидааст. Сарнавишти пурфоҷиаи ӯ бозгӯи рӯзгори пурпечутоби миллат дар ибтидои садаи ХХ мебошад.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон солҳои бистуму сиюми асри гузашта давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин давра масъалаи ҳастӣ ё нестии миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои ҳаққи давлатдорӣ матраҳ гардид. Душманони фарҳангу таърихи тоҷикон талош мекарданд, ки миллати тоҷикро ҳамчун миллати мустақил нодида гиранд. Дар чунин шароити мушкил фарзандони фарзонаи миллат барои ҳимояи ҳақиқати таърихӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон қадамҳои ҷиддӣ гузоштанд. Дар миёни онҳо Нусратулло Махсум мавқеи махсус дорад.
Нусратулло Махсум аз ҷумлаи сиёсатмадорони дурандеш ва муборизони роҳи озодии миллӣ буд, ки дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бузург анҷом додааст. Ӯ аз рӯзҳои аввал барои таъсиси воҳиди мустақили маъмурии тоҷикон мубориза бурд ва аз ҳуқуқи миллати тоҷик ҳимоя кард. Дар он давра масъалаи тақсимоти миллӣ-марзӣ дар Осиёи Марказӣ бисёр ҳассос буд ва маҳз талошҳои чунин фарзандони миллат сабаб гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии алоҳида таъсис ёбад.
Нусратулло Махсум яке аз аввалин роҳбарони давлати тоҷикон буд. Ӯ ҳамчун раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва баъдан Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди маориф, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ хизмат кард. Ӯ хуб дарк мекард, ки бидуни саводнокии мардум ва бедории миллӣ бунёди давлати устувор ғайриимкон аст. Аз ҳамин сабаб барои таъсиси мактабҳо, тарбияи кадрҳои миллӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа кӯшиш менамуд.
Дар баробари фаъолияти давлатӣ, Нусратулло Махсум дорои ҷаҳонбинии баланди миллӣ буд. Ӯ ба фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ эҳтироми хос дошт. Дар шароите ки бисёре аз арзишҳои миллӣ зери фишори сиёсӣ қарор гирифта буданд, ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон талош мекард. Маҳз ҳамин рӯҳияи ватандӯстӣ ва иродаи устувор ӯро ба яке аз чеҳраҳои муҳими сиёсӣ табдил дод.
Аммо сарнавишти бисёре аз фарзандони бедордили миллат дар солҳои мудҳиши таъқиботи сиёсӣ фоҷиавӣ анҷомид. Солҳои сиюми асри гузашта давраи саркӯбҳои оммавӣ буд. Бисёре аз зиёиён, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои миллӣ бо туҳматҳои беасос маҳкум гардиданд. Нусратулло Махсум низ қурбонии ҳамин сиёсати золимона шуд. Ӯро ҳамчун “душмани халқ” муттаҳам намуда, аз миёни ҷомеа дур карданд. Дар асл гуноҳи асосии ӯ муҳаббат ба миллат ва талош барои эҳёи давлатдории тоҷикон буд.
Ин фоҷиа на танҳо сарнавишти як шахс, балки дарди тамоми миллат буд. Бо вуҷуди ин, таърих ҳақиқатро пинҳон дошта натавонист. Бо гузашти солҳо номи фарзандони асили миллат сафед гардид ва хизматҳои онҳо эътироф шуданд. Имрӯз Нусратулло Махсум ҳамчун яке аз поягузорони давлати тоҷикон ва Қаҳрамони Тоҷикистон бо эҳтироми бузург ёд мешавад.
Арҷгузорӣ ба хизматҳои чунин шахсиятҳо танҳо ёдоварӣ аз гузашта нест, балки мактаби бузурги ватандӯстӣ барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад. Миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад, ҳеҷ гоҳ роҳи гумроҳӣ ва бегонапарастиро интихоб намекунад. Зеро эҳтиром ба гузашта эҳтиром ба давлат ва миллат аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти фарзандони содиқи миллат ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи бисёр шахсиятҳои таърихӣ дубора зинда гардид. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки миллате, ки аз таърихи худ огоҳ нест, наметавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва рамзии солҳои охир бозгардонидани мушти хоки турбати Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзандони фарзонаи миллат аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон мебошад. Ин иқдоми таърихӣ танҳо як амали сиёсӣ набуд, балки нишонаи эҳтироми давлат ба фарзандони содиқи миллат ва рамзи эҳёи адолати таърихӣ мебошад.
Мушти хок барои миллати тоҷик маънои бисёр амиқ дорад. Хок рамзи Ватан, рамзи ҳастӣ ва рамзи пайванди инсон бо сарзамини аҷдодӣ аст. Вақте мушти хоки фарзандони миллат ба Ватан баргардонида мешавад, ин маънои онро дорад, ки миллат фарзандони худро фаромӯш накардааст. Ин амал эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносиро дар қалби мардум тақвият мебахшад.
Иқдоми Пешвои миллат дар масъалаи бозгардонидани мушти хоки Нусратулло Махсум ва ҳамсафонаш аҳамияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Пеш аз ҳама, ин амал нишонаи арҷгузорӣ ба таърих ва адолати миллӣ мебошад. Дуюм, он барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ таъсири амиқ мерасонад. Ҷавонон бояд донанд, ки давлатдории имрӯз бо чӣ қадар ранҷу қурбонӣ ба даст омадааст.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи устувори рушдро тай мекунад. Дар чунин шароит омузиши зиндагӣ ва фаъолияти Нусратулло Махсум аҳамияти махсус дорад. Ӯ намунаи шахсияте мебошад, ки манфиати миллатро аз ҳама боло мегузошт. Ватандӯстӣ барои ӯ шиор набуд, балки эътиқод ва роҳи зиндагӣ буд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ ва давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Барои иҷрои ин вазифа ҷомеа бояд аз таърихи худ сабақ гирад. Таҷрибаи зиндагии Нусратулло Махсум нишон медиҳад, ки танҳо миллате муваффақ мегардад, ки фарзандони бедордил ва содиқ дошта бошад.
Масъулияти ватандӯстӣ имрӯз танҳо дар сухан нест. Он пеш аз ҳама дар ҳифзи истиқлол, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хизмат ба давлат ва ваҳдати ҷомеа ифода меёбад. Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи маърифат, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии ӯ вобаста аст. Агар насли ҷавон таърихи миллатро надонад ва ба қаҳрамонони худ эҳтиром нагузорад, хатари гум шудани ҳувияти миллӣ ба миён меояд.
Аз ин рӯ, омузиши фаъолияти Нусратулло Махсум ва дигар поягузорони давлатдории тоҷикон бояд ба қисми муҳими тарбияи маънавӣ табдил ёбад. Ин шахсиятҳо бо тамоми ҳастии худ исбот карданд, ки муҳаббат ба Ватан болотар аз ҳама мансаб ва манфиат аст.
Имрӯз рӯҳи Нусратулло Махсум ва дигар фарзандони ҷоннисори миллат дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол шод аст. Орзуи онҳо дидани давлати мустақил ва миллати сарбаланд амалӣ гардид. Тоҷикистон имрӯз парчами истиқлолро баланд нигоҳ дошта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шудааст.
Дар анҷом бояд гуфт, ки сарнавишти Нусратулло Махсум сарнавишти тамоми миллати тоҷик аст. Ӯ барои бақои миллат ва эҳёи давлатдорӣ мубориза бурд ва дар ин роҳ қурбон гардид. Аммо ном ва корномаи ӯ ҷовидона монд. Бозгардонидани мушти хоки ӯ ба Ватан нишонаи пирӯзии ҳақиқат ва эҳёи хотираи таърихӣ мебошад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва садоқат ба давлат роҳи чунин фарзандони миллатро идома диҳад. Зеро танҳо бо худшиносӣ, ваҳдат ва муҳаббат ба Ватан метавон истиқлол ва давлатдории миллиро ҳифз намуд.
Зокиров Р. А.-дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии № 2