МУНАВВАРА ФАЙЗУЛЛОЕВНА – СИМОИ БАРҶАСТАИ ИЛМИ ТИБ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

МУНАВВАРА ФАЙЗУЛЛОЕВНА – СИМОИ БАРҶАСТАИ ИЛМИ ТИБ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Дар таърихи рушди илми тибби тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияти бисёрсолаи онҳо на танҳо саҳифаҳои дурахшони илму маорифро ғанӣ гардонида, балки дар тақдири ҳазорон нафар инсонҳо нақши муассир гузоштааст. Аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои барҷаста академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Додхоева Мунаввара Файзуллоевна мебошад, ки имрӯз ба синни мубораки 80-солагӣ расида, ҳамчун яке аз асосгузорони мактаби муосири акушерӣ ва гинекологии Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Мунаввара Файзуллоевна 2 июни соли 1946 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №11 ба номи Ф. Энгелс соли 1964 ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1970 онро бо муваффақият хатм намуд.

Фаъолияти меҳнатии ӯ аз вазифаи табиби акушер-гинекологи Таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ оғоз гардида, минбаъд дар ординатураи клиникӣ, аспирантура ва вазифаҳои ассистентӣ, дотсентӣ ва профессорӣ идома ёфт. Бо талошҳои пайваста, меҳнати шабонарӯзӣ ва шавқи беандоза ба илм, ӯ ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи акушерӣ ва гинекология табдил ёфт.

Соли 1980 дар шаҳри Харков рисолаи номзадии илмии худро таҳти унвони «Ба патогенези ҷудошавии пеш аз муҳлати ҳамроҳа ва роҳҳои пешгирии он дар шароити Тоҷикистон» ҳимоя намуд. Соли 1998 бошад, дар шаҳри Санкт-Петербург рисолаи доктории худро дар мавзуи «Вазъи кӯмакрасонии момодоягӣ ва фаъолияти репродуктивии занони Тоҷикистон дар солҳои 1986-1996 бо дарназардошти вазъи низоӣ» бо муваффақият ҳимоя карда, соли 1999 соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб гардид.

Соли 2000 ба ӯ унвони илмии профессор дода шуд. Соли 2001 Мунаввара Файзуллоевна ҳамчун узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, соли 2010 ба унвони академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мушарраф шуд. Ин дастоварди бузург ӯро ҳамчун нахустин ва ягона зани табиб дар кишвар ба сафи академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ворид намуд.

Аз соли 1993 то соли 2015 ӯ ба кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино роҳбарӣ намуда, дар тӯли 22 сол барои рушди илму таълим, такмили фаъолияти клиникӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос саҳми босазо гузошт. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии ӯ кафедра ба яке аз воҳидҳои пешсаф ва намунавии донишгоҳ табдил ёфта, ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардиданд.

Академик М.Ф. Додхоева на танҳо олими сермаҳсул, балки омӯзгори воқеӣ ва тарбиятгари насли ҷавони олимон мебошад. Зери роҳбарии ӯ 36 нафар рисолаҳои номзадии илмҳои тибро ҳимоя намудаанд. Мактаби илмии таъсисдодаи ӯ имрӯз низ фаъолияти пурсамар дошта, шогирдонаш дар муассисаҳои гуногуни Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият менамоянд.

Осори илмии академик Додхоева беш аз 450 мақолаи илмӣ, зиёда аз 30 монография ва дастури таълимӣ, 17 пешниҳоди рационализаторӣ, 2 патент ва як шаҳодатномаи моликияти зеҳниро дар бар мегирад. Китобҳо ва дастурҳои таълифнамудаи ӯ солҳои зиёд ҳамчун сарчашмаи муҳими таълимӣ барои донишҷӯён, ординаторон ва табибони амалкунанда хизмат мекунанд.

Хизматҳои арзишманди ӯ махсусан дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди тандурустии репродуктивӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири перинаталӣ дар Тоҷикистон хеле назаррас мебошанд. Бо иштироки мустақими ӯ зиёда аз 20 стандарт ва протоколҳои миллӣ таҳия гардидаанд, ки барои беҳтар намудани сифати кӯмаки тиббӣ ба занону кӯдакон мусоидат намудаанд.

Натиҷаҳои корҳои илмӣ ва амалии академик Додхоева М. Ф. дар конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба монанди Дания, Тунис, Австралия, Италия, Австрия, Британияи Кабир, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон муаррифӣ гардида, обрӯи илми тибби тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд.

Барои хизматҳои шоён дар рушди илму маориф ва тандурустии мамлакат Мунаввара Файзуллоевна бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст. Аз ҷумла, соли 2004 бо медали давлатии «Барои хизмати шоиста», соли 2013 бо унвони «Аълочии тандурустӣ» ва соли 2014 бо унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст. Ӯ ҳамчунин барандаи медали Сино дараҷаи I ва ҷоизаи «100 зани муваффақи Тоҷикистон» мебошад.

Имрӯз академик Мунаввара Файзуллоевна Додхоева, сарфи назар аз таҷрибаи бузурги зиндагӣ ва фаъолияти беш аз панҷоҳсолаи касбӣ, ҳамоно фаъолона ба корҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатӣ машғул буда, барои тарбияи мутахассисони ҷавон, рушди илм ва ҳифзи саломатии ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузорад.

Ҳайати омузгорон, кормандон, ординаторон, донишҷӯён ва шогирдони кафедраи акушерӣ ва гинекология академик Мунаввара Файзуллоевна Додхоеваро ба муносибати ҷашни пуршарафи 80-солагӣ самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, умри дароз, хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмӣ ва эҷодиро орзу менамоянд.

Номи неку фаъолияти ибратбахши ин фарзанди фарзонаи миллат ҳамеша дар таърихи илму тандурустии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Абдуллоева Р. А.-мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 1


01.06.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php