МУЛОҚОТИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ СТОМАТОЛОГӢ БО ҲАЙАТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

МУЛОҚОТИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ СТОМАТОЛОГӢ БО ҲАЙАТИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ

Декани факултети стоматологӣ Давлатзода Б. Х. бо ҳайати омузгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён аз пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Декан таъкид намуд, ки кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бо доштани мутахассисони соҳаҳои таърих, фарҳанг ва сиёсат дар раванди тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, омузгорони кафедра бояд дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон пешсаф бошанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кафедра мубодилаи афкор намуданд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


28.11.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php