МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ - ВАЗИФАИ МУҲИМИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД
Имрӯз, 31 июли соли 2026, дар Донишгоҳ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, деканҳои факултетҳо ва дигар масъулини сохторӣ машварат-вохӯрӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар кори вохӯрӣ капитани адлия Раҳмонзода Сабзалӣ Саидалӣ , муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, зимни ифтитоҳи ҷамъомад таъкид намуданд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб ва хатарноки ҷомеа буда, ба рушди устувори давлат, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими қонуният таъсири манфӣ мерасонад. Зикр гардид, ки ин падида, бахусус дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, метавонад ба сатҳу сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисон ва эътимоди ҷомеа ба низоми давлатӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманд ва шаҳрванд бошад.
Сипас, капитани адлия Раҳмонзода Сабзалӣ Саидалӣ доир ба вазъи кунунӣ ва роҳҳои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз баъзе шахсони манфиатҷӯ бо истифода аз боварии шаҳрвандон, бахусус довталабон ва донишҷӯён, барои ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил намудан, барқарор кардан ба курс, гузаронидани имтиҳонҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба таҳсил бо роҳи фиреб аз онҳо ва волидонашон маблағҳои зиёд талаб менамоянд.
Номбурда таъкид кард, ки чунин амалҳо комилан ғайриқонунӣ буда, имрӯз тамоми раванди қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳар гуна ваъдаҳои шахсони миёнарав ва қаллоб танҳо бо мақсади фиреби шаҳрвандон сурат гирифта, оқибат онҳо ба ҷавобгарии қонунӣ кашида мешаванд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки ҳарчанд ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон муҳим аст, аммо роҳи муассири мубориза пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии содиршавии чунин амалҳои номатлуб мебошад. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони дорои дониши ҳуқуқии баланд ба доми қаллобон намеафтанд ва ҳуқуқу манфиатҳои худро беҳтар ҳимоя карда метавонанд.
Ҳамчунин, меҳмон аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти мубориза бо коррупсия ёдовар шуда, ба аҳаммияти мулоқоту машваратҳои роҳбарияти олии кишвар бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот таъкид намуданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА