МУАЛЛИМА, ТАБИБ, ПРОФЕССОР -СИМОИ ЯК ЗАНИ МУВАФФАҚ (БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ МОДАР)
Дар ҷомеаи муосири тоҷик нақши занон дар рушду пешрафти илму маориф, тандурустӣ ва тарбияи насли наврас рӯз то рӯз афзун мегардад. Занони тоҷик бо донишу малака, масъулиятшиносӣ ва садоқати касбӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият намуда, бо заҳмати содиқона ва хизматҳои шоиста ба рушди давлат ва ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Дар радифи чунин бонувони фаъол ва донишманд профессор, доктори илмҳои тиб Усмонӣ Гулнора Муқим қарор дорад, ки фаъолияти пурмаҳсул ва зиндагиномаи ибратбахши ӯ намунаи равшани як зани муваффақ дар ҷомеаи илмӣ ва тиббии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Усмонӣ Гулнора Муқим соли 1964 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди олими маъруф, доктори илмҳои тиб, профессор Каримов Муқим Каримович мебошад. Муҳити илмӣ ва фарҳангии оила дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, завқи илмӣ ва интихоби роҳи касбии ӯ нақши муҳим бозид. Аз овони ҷавонӣ ба омузиш, донишандӯзӣ ва хизмат ба мардум таваҷҷуҳи зиёд дошт ва маҳз ҳамин ормонҳо ӯро ба роҳи тиб ҳидоят намуданд.
Пас аз хатми мактаби миёна Гулнора Муқим таҳсилро дар факултети педиатрияи Донишгоҳи давлатии тиббӣ идома дода, бо талошу кӯшиши зиёд онро бомуваффақият хатм намуд. Солҳои аввали фаъолияти меҳнатии ӯ ба такмили малакаи касбӣ ва омузиши амиқи илми тиб бахшида шуданд. Ӯ ҳамчун ординатори клиникии кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 2 фаъолият намуда, ҳамзамон дар муассисаҳои табобатӣ ҳамчун табиби кӯдакона ва мутахассиси ташхиси ултрасадо кор кард. Фаъолияти ӯ дар шуъбаи ташхиси функсионалӣ ва шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии № 3 ба ташаккули таҷрибаи бойи клиникӣ мусоидат намуд.
Ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба ва олим, ӯ тадриҷан ба омузиши масъалаҳои муҳими эпидемиология рӯ овард. Дар замоне ки масъалаи пешгирии сироятҳои гуногун ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамияти бузург пайдо мекард, фаъолияти илмии ӯ ба таҳқиқи ҷанбаҳои муҳими эпидемиологӣ равона гардид. Бо талошҳои пайваста ва таҳқиқоти амиқи илмӣ ӯ дар мавзуи “Роҳҳои такмили назорати санитарию эпидемиологӣ ва тадбирҳои пешгирии сирояти дохилибеморхонагӣ дар муассисаҳои зоимон” рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.
Минбаъд фаъолияти илмии ӯ боз ҳам густариш ёфта, натиҷаи солҳои зиёд таҳқиқоти илмӣ дар рисолаи доктории ӯ таҷассум ёфт. Рисолаи доктории ӯ дар мавзуи “Хусусиятҳои эпидемиологии сирояти дохилибеморхонагӣ дар муассисаҳои табобатию пешгироии соҳаҳои гуногун ва тарзи ҷилавгирии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ бахшида шуда, дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ мебошад. Тадқиқоти анҷомдодаи ӯ барои беҳтар намудани назорати эпидемиологӣ, пешгирии сироятҳои дохилибеморхонагӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти санитарӣ дар муассисаҳои тиббӣ мусоидат мекунад.
Фаъолияти меҳнатии профессор Усмонӣ Гулнора Муқим танҳо бо корҳои илмӣ маҳдуд намешавад. Ӯ ҳамчун роҳбари ботаҷриба дар вазифаҳои гуногуни масъулияти Донишгоҳ фаъолият намуда, барои рушду такмили фаъолияти таълимӣ ва илмии муассиса саҳми назаррас гузоштааст. Дар солҳои гуногун ӯ ҳамчун ҷонишини декани факултети муолиҷавӣ, декани факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (ҳоло факултети тиббӣ-профилактикӣ), сардори шуъбаи илм ва инноватсия ва декани факултети педиатрия фаъолият кардааст. Ҳар яке аз ин вазифаҳо аз ӯ масъулияти баланд, дониши васеъ ва қобилияти роҳбариро талаб мекарданд, ки ӯ бо маҳорат ва садоқати касбӣ аз уҳдаи онҳо баромад.
Имрӯз профессор Усмонӣ Гулнора Муқим ба ҳайси мудири кафедраи эпидемиологияи донишгоҳ фаъолият намуда, дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб саҳми арзанда мегузорад. Ӯ ҳамчун омузгори пуртаҷриба ва муҳаққиқи фаъол барои донишҷӯён ва ҷавонони илмҷӯ намунаи ибрат мебошад. Дарсҳои ӯ бо таҳлили амиқи масъалаҳои илмӣ, таҷрибаи амалии тиббӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ фарқ мекунанд.
Хизматҳои шоистаи ӯ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф бо қадршиносиҳои давлатӣ ва соҳавӣ арзёбӣ гардидаанд. Ӯ унвони фахрии Аълочии тандурустии Тоҷикистонро соҳиб гардида, ҳамчун эпидемиологи варзида ва ташкилотчии кордон дар ҷомеаи илмӣ эътироф шудааст.
Зиндагӣ ва фаъолияти профессор Усмонӣ Гулнора Муқим далели равшани он аст, ки занони тоҷик бо дониш, заҳмат ва иродаи қавӣ метавонанд дар пешрафти илм ва рушди ҷомеа нақши муассир дошта бошанд. Ӯ дар симои худ хислатҳои беҳтарини як бонуи донишмандро таҷассум мекунад, ки омузгори фидоӣ, табиби ҳозиқ, муҳаққиқи ҷӯянда ва роҳбари масъулиятшинос мебошад.
Аз ин рӯ, фаъолияти пурсамар ва роҳи пуршарафи ӯ на танҳо барои донишҷӯён ва ҳамкорон, балки барои тамоми ҷомеа намунаи ибрат мебошад. Зеро чунин шахсиятҳо бо меҳнати софдилона, садоқат ба илм ва хизмат ба мардум ба пешрафти илми тиб ва ҳифзи саломатии ҷомеа саҳми босазо мегузоранд ва бо корномаи худ номи занони тоҷикро дар арсаи илму маърифат баланд мебардоранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА