Муҳтарам Сафарзода Рамазон,
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона ва сидқан табрик менамоянд.
Шумо ҳамчун олими ҷавону умедбахш, мутахассиси соҳибтаҷриба ва роҳбари кордону ташаббускор дар рушди соҳаи фарматсия, таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас мегузоред. Меҳнати содиқона, ҷаҳонбинии илмӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати неки инсонӣ боис гардидааст, ки миёни ҳайати устодону кормандон соҳиби эҳтироми хос бошед.
Фаъолияти босамари Шумо дар вазифаи директори Маркази «Фарматсия» барои пешрафти корҳои таълимӣ, илмӣ ва амалии донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар баланд гардидани обрӯ ва нуфузи муассиса нақши муҳим дорад.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Сафарзода Рамазон, саломатии бардавом, умри бобаракат, саодати рӯзгор, рӯҳу илҳоми тоза, муваффақиятҳои пайвастаи илмӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештар дар фаъолияти касбӣ таманно менамоем.
Бигзор ҳамеша дар роҳи илму маърифат, тарбияи мутахассисони варзида ва рушди соҳаи фарматсия комёб бошед.
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!