Муҳтарам Гулниссо Каримовна,

Муҳтарам Гулниссо Каримовна,

Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона ва аз сидқи дил табрику таҳният менамоянд.

Шумо ҳамчун сардори шуъбаи тарбия бо хиради воло, заковати баланди роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ ва муносибати самимӣ миёни ҳамкорон соҳиби эҳтироми хоса гардидаед. Ҷавонзани оқилу доно, кордону ташаббускор будани Шумо дар пешбурди корҳои тарбиявӣ, роҳнамоии ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва маърифати баланд нақши арзишманд дорад.

Меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, муоширати фарҳангӣ ва самимияти инсонӣ аз сифатҳои неки шахсияти Шумо ба шумор рафта, дар дилу дидаи кормандон ва донишҷӯён ҷойгоҳи махсус касб намудааст. Бо фазилатҳои наҷиб ва фаъолияти пурсамар Шумо дар таҳкими муҳити солими маънавӣ ва рушди корҳои тарбиявӣ саҳми босазо мегузоред.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, умри дарози бобаракат, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои боз ҳам бештар таманно дорем. Бигзор ҳамеша дар ҳалқаи дӯстону наздикон сарбаланду сарфароз бошед ва ба қуллаҳои баланди муваффақиятҳо бирасед.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!


01.04.2026 52

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php