МОҲИ НОЯБР-МОҲИ ҶАШНҲО: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар кафедраи технологияи фарматсевтӣ ба номи профессор Халифаев Д.Р. бо донишҷӯёни курси 4-ум, гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юми факултети фарматсевтӣ чорабинии идонаи тарбиявӣ дар мавзуи «Президент- рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён видеоролик оид ба марҳилаҳои таърихии Тоҷикистони муосир, солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва пешрафти босуръати кишвар намоиш дода шуд.
Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедра, н.и.фарм., дотсент Шарифзода Ш.Б. суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият табрик гуфтанд. Мудири кафедра оид ба нақши калидӣ ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохтори конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар андешаҳои пурарзиш баён намуданд.
Дар рафти чорабинии идона донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, барномаи рангин ва пурмуҳтаворо пешкаш намуда, оид ба фаъолияти сиёсию давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо пешниҳод карданд.
Донишҷӯён дар бораи таърихи таъсис, заминаҳои ҳуқуқӣ ва аҳамияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассалро пешниҳод карданд ва бо қироати шеърҳои ватандӯстона дар васфи ватан ва Пешвои миллат хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифати Тоҷикистон, аз ҷумла насли ҷавон мебошад. Чорабинӣ дар фазои баланди сиёсӣ, маънавию ватандӯстона гузашта, бо иҷрои суруди хотимавӣ ҷамъбаст гардид.
Кафедраи технологияи фарматсевтӣ ба номи профессор Халифаев Д.Р.