МИРЗО ТУРСУНЗОДА - МУНОДИИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТ

МИРЗО ТУРСУНЗОДА - МУНОДИИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТ

Дар кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири ваҳдатсаро -Мирзо Турсунзода чорабинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода - мунодии сулҳ ва ваҳдат» дар фазои тантанавӣ ва маънавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти муосири тоҷик, тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии ҷавонон роҳандозӣ шуд. Дар он ҳайати омузгорон, донишҷӯён ва дӯстдорони каломи бадеъ фаъолона ширкат варзиданд.

Дар оғози маҳфил омузгорони кафедра бо суханҳои муқаддимавӣ баромад намуда, нақши барҷастаи Мирзо Турсунзодаро дар рушди адабиёти тоҷик ва таблиғи арзишҳои инсондӯстӣ таъкид карданд. Қайд гардид, ки осори пурғановати шоир саршор аз ғояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо, муҳаббат ба Ватан ва эҳтироми арзишҳои умумибашарист.

Дар идома донишҷӯён бо маърӯзаҳои ҷолиб оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти шоир баромад намуда, донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ гардониданд. Ҳамзамон, бахши фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеърҳои пурмазмуни Мирзо Турсунзода ранги тоза гирифт, ки аз ҷониби донишҷӯён бо маҳорати баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро гардид.

Дар рафти чорабинӣ саҳми омузгори кафедра Маҷидова Баҳриниссо дар омодасозӣ ва баргузор намудани ин маҳфили илмӣ-адабӣ назаррас арзёбӣ шуд. Маҳз бо талошҳои ӯ чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил гардида, ба як саҳнаи муҳими тарбиявӣ ва маънавӣ барои донишҷӯён табдил ёфт.

Дар анҷом таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳисси худогоҳӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон аҳамияти бузург доранд.


04.05.2026 9

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php