МИНИКОНФРОНС ДАР МАВЗУИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ»
Бо ташаббуси ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 Мадамонов Ш.Ш. барои донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 25–32) миниконфронс дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ - ҳастии давлат ва бақои миллат аст» баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ оид ба аҳамияти ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи сулҳу субот, рушди ҷомеа ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ суханронӣ карда шуд. Иштирокчиён нақши ваҳдати миллиро ҳамчун омили муҳими пешрафти Тоҷикистон ва кафили ояндаи босуботи кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни миниконфронс донишҷӯи гурӯҳи 30 Асомуддинова Хушбуй бо рӯнамо (презентатсия) баромад намуда, доир ба арзишҳои ваҳдати миллӣ ва саҳми он дар рушди давлату ҷомеа маълумоти муфид пешниҳод кард.
Чорабинӣ дар фазои озоди мубодилаи афкор баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат намуд.