МИНИКОНФРОНС ДАР МАВЗУИ «МО ҶАВОНОН ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 13 апрели соли 2026 бо ташаббуси ассистенти кафедра Мадамонов Ш.Ш. бо иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 56, 57, 58, 59, 60, 61 ва 62 миниконфронси тарбиявӣ дар мавзуи «Мо ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм» баргузор карда шуд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм, арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни миниконфронс донишҷӯён Файзуллозода Ш.Н. ва Усмонова Ш.Ш. бо истифода аз презентатсияи ҷолиб вобаста ба хатари ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷиабори терроризм ва нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот баромад намуданд.
Қайд гардид, ки ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба амният, арзишҳои инсонӣ ва суботи ҷомеа хатари воқеӣ эҷод менамоянд. Дар ин замина таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа бояд донишу ҷаҳонбинии худро пайваста такмил дода, ба ҳар гуна таблиғоти ғаразнок ва ақидаҳои тундрав фирефта нашаванд.
Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш зикр карда шуд, ки тафаккури танқидӣ, таҳлили дурусти иттилоот, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва умумиинсонӣ, инчунин нақши муҳими оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли солим аз омилҳои муҳими пешгирии ифротгароӣ маҳсуб меёбанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки ҷавонони имрӯз бояд роҳи илм, маърифат, меҳнат ва созандагиро интихоб намуда, дар таҳкими сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта саҳми арзанда гузоранд.
Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1