МЕДАЛИ ТИЛЛОӢ - ДАСТОВАРДИ АРЗАНДАИ ОЛИМАИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

МЕДАЛИ ТИЛЛОӢ - ДАСТОВАРДИ АРЗАНДАИ ОЛИМАИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди дигари арзандаи намояндаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар арсаи байналмилалӣ боиси ифтихору сарфарозии аҳли Донишгоҳ гардид.

Ассистенти кафедраи ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ Сабирова Маҳина дар 19-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти занон, ки рӯзҳои 16-18 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, бо пешниҳоди дастоварди илмӣ ва ихтироъкоронаи худ сазовори медали тилло ва дипломи дараҷаи олии озмун гардид.

Намоишгоҳи мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар самти муаррифӣ ва дастгирии иқтидори илмӣ, ихтироъкорӣ ва навоварии занон ба ҳисоб рафта, имсол дар он 591 олима аз 21 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Дар чунин муҳити рақобатии байналмилалӣ соҳиб шудан ба медали тилло ва дипломи дараҷаи олӣ аз ҷониби намояндаи Донишгоҳ аз сатҳи баланди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, навоварӣ ва қобилияти эҷодии олимони ҷавони тоҷик дарак медиҳад.

Дастоварди Сабирова Маҳина, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати пайваста, ҷустуҷӯҳои илмӣ, истифодаи донишҳои муосир ва таваҷҷуҳи хос ба рушди илму технология мебошад. Ин муваффақият бори дигар собит месозад, ки муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон, бахусус занони олим, дар баробари ҳамтоёни худ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд бо корҳои илмӣ ва ихтирооти арзишманд дар сатҳи байналмилалӣ рақобат намоянд.

Мавриди зикр аст, ки натиҷаи иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ низ назаррас арзёбӣ гардид. Дар маҷмӯъ, аз Тоҷикистон 2 медали тилло, 9 медали нуқра ва 1 ҷоизаи махсус ба даст оварда шуд. Ин дастовардҳо аз рушди иқтидори ихтироъкорӣ ва илмии кишвар, инчунин аз таваҷҷуҳи пайваста ба дастгирии олимону муҳаққиқон ва махсусан занони ихтироъкор шаҳодат медиҳанд.

14 августи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани медалҳо ва ҷоизаҳои ғолибони озмуни байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин маросим дастоварди Сабирова Маҳина ҳамчун яке аз натиҷаҳои назарраси иштироки намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти занон қадрдонӣ гардид.

Раёсати Донишгоҳ ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ Сабирова Маҳинаро ба муносибати ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрик намуда, ба муаллима дар фаъолияти минбаъдаи касбию илмӣ барору комёбӣ, дастовардҳои нави байналмилалӣ ва парвозҳои баланд дар роҳи илму ихтироъкорӣ орзу менамоянд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


18.08.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php