МЕҲРИ МОДАР
Сад ҷону дил фидои як муддаҳои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасту дуои модар.
Оре чӣ суханҳои зебо, дигар як чизе гуфта наметавонам. Дар ин мисраҳо Лоиқ ҳиссиёт ва бузургии модарро ба тамоми санъаташ тасвир кардааст. Агар мо чӣ қадаре, ки некӣ ба модарони хеш кунем, ин кам мебошад. Модар ин сарчашмаи хушкнашавандаи инсон мебошад. Як дақиқа ғамхориҳои модар дар бораи фарзандаш мекунад, дар ду ҷаҳон мо фарзандон баргардонда наметавонем, Бузургон мегӯянд, ки «Ҷаннат зери пойи модарон аст».
Обрӯи аҳли дил аз хоки пойи модар аст,
Ҳар чӣ дорад ин ҷамоат, аз дуои модар аст.
Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пойи модар аст.
Модар! Оре, модар аст мунису аниси ҳамешагии мо, ӯ ягона касест, ки моро ба ҳама гуноҳу хатоҳоямон дӯст медораду мепарварад, ҳамеша моро мебахшаду азиз медорад. Бале модар чӣ хеле кӣ набошад фарзанди худро дӯст медорад. Агарчӣ фарзанд хоҳ одами нек бошад, хоҳ одами бад. Дар урфият мегуянд, ки агар фарзанди бад ҳам бошад, барои модар ӯ азиз мебошад. Модар аз ҳама шахси муътабар аст. Мехри ӯ хуршедро мемонад, ки тамоми оламро нур мепошад. Ишқи ӯ чашмаҳои пурҷушро мемонад, ки дашту биёбон, саҳрою мағзоронро гулистон мекунад.
Агар панду дуои модар намебуд, дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ раҳгум мезанем. Агар олими заминем, агар қаҳрамонем, агар марди майдону Рустами замонем – ҳама аз баракати дасту дуои модар аст.
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, ин асарам ҳадяи туст.
Дар фазои адабият пайи парвози дароз,
Модари муштипарам, пару болам ҳадяи туст.
Модарҷон, шумо барои мо хизмати шоистае кардаед. Моро ба дунё овардед, Барои мо чӣ қадар шабҳои бехобӣ кашидаед. Ҳангоми бемориямон шабҳои дарозро болои сари мо рӯз кардаед. Дар ҳама ғаму шодиамон шарик будаед. Ҳар боре, ки як ҷои мо дар мекунад, аввал калимаи модарро ба забон мегирем. Чунки калимаи модар худ ба ҳар яки мо азиз мебошад.
Дар мадхияву тарона модар гӯем,
Дар умр ба ҳар баҳона модар гӯем.
Пирем ё ҷавон, вале дар ҳама ҳол,
Бо шеваи кӯдакона модар гӯем.
Мутахасиси китобхона
Гадоева Ситора