МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ – ТАБИБИ ҲОЗИҚ

МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ – ТАБИБИ ҲОЗИҚ

МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ – ТАБИБИ ҲОЗИҚ

Табибем, ҳакимем, табибони қадимем,

Шаробему кабобем, саҳилему адимем.

Чу ранҷуртан ояд, чу маъҷун наҷоҳем,

Чу бемори дил ояд, нигорему надимем.

Мероси маънавӣ ва фалсафию ирфонии ниёгон аз муҳимтарин ёдгориҳои фарҳангӣ мебошанд, ки то ба мо омада расидааст ва аз ҳаёти маънавии ниёгонам нақл мекунанду барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи раҳнамо мебошанд. Ҳифзу эҳёи ин мероси азим на танҳо хизмати бузург барои аҳли мерос, балки ҳадяи пурбаҳо барои ҷаҳониён маҳсуб меёбад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷумлаи бузургтарин маънавиофари тоҷику форс мебошад, ки аз худ осори гаронмояи пурқиммат ба мерос гузоштааст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз нобиғаҳои назми классикии тоҷику форс аст, ки дар ҷодаи суханварӣ беҳамто мебошад. Мероси адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг буда, ҳам аз насру ҳам аз назм иборат аст ва бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар осори худ ба масъалаи тарбияи инсон таваҷҷуҳи хоса дода, андешаҳояшро сари мақому мартабаи инсон, феълу атвор, рафтору кирдор, сиҳативу солимӣ, ки ба худи ҳар як шахс марбут аст, изҳор медорад.

Аз ин лиҳоз, мавзуи қисмати бузурги байту порчаҳои назмию насрии ин нобиғаро тиббу пизишкӣ ташкил медиҳад ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро табиби ҳозиқ ном барем ҳам, муболиғае намешавад ва осори боқимондаи ӯ шаҳодати ин гуфтаҳост. Аз ҷумла:

Шаҳре пур аз ишқу фараҳ, бар дасти ҳар масте қадаҳ,

Ин сӯй нӯш, он сӯй саҳ, ин ҷӯйи ширу он асал,

Дар шаҳр як султон бувад в-ин шаҳри пурсултон аҷаб,

Бар чарх як моҳ аст бас в-ин чархи пурмоҳу зуҳал

Рав-рав табибонро бигӯ, к-он ҷо шуморо кор нест,

К-он ҷо набошад, иллате в-он ҷо набинад кас халал.

Ин чанд байти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муносибати ӯро ба тиббу дармонӣ бараъло нишон медиҳад. Мавлоно дар ин байтҳо ба ду навъ тибб, ду навъ табиб, ду навъ инсон ва ду навъ шаҳр ишора кардааст. Шоир, пеш аз ҳама, шаҳри хушию нохушӣ, шаҳри саломатию бидуни саломатӣ ва шаҳри тандурусту шаҳри беморро ёдовар мешавад. Инсон низ ба ҳамин монанд инсони саломату тандуруст ва инсони бемору нотавон мешавад. Дар баробари ин, Мавлоно мегӯяд, ки ҳар ҷо шодию суруш, хушию саодатмандӣ бошад, он ҷо аз беморӣ нишоне несту инсонҳо саломатанд ва ҳар ҷо ки шодию хушӣ набошад, он ҷоро беморӣ фаро мегираду бо одамони маризу нотавон бештар дучор мешавед. Ин нохушӣ ва беморӣ дохили ҷисм шуда, инсонро ҳам ҷисман ва ҳам руҳан нотавону бемадор мекунад. Бисёр шахсиятҳо ба назар солиму саломат менамоянд, вале дар дарун беморанду нотавон ва ин нишонаи бемории онҳо набудани шодию сурур, фараҳу хушӣ аст. Шахсе, ки ҳамеша саршори шодиву хуррамӣ ва шодмониву фараҳмандӣ аст, вай саломату солим мебошад. Ин маҳаку меъёри неки Мавлоно мебошад, ки барои ташхиси саломатӣ аз беморӣ муқаррар намудааст. Ин меъёр ба ҳолати табиӣ низ вобаста аст ва ҳолати даруниву берунии инсон ба ҳам иртибот дошта, дар ҳолати баробарвазн будани вазъи дохиливу ҳолати берунӣ инсон саломатии хуб дошта метавонад. Инсон, агар дар ҳолати хушӣ қарор дошта, дар шодмониву беғамӣ зиндагӣ кунанд ва доим дар ҳаракату талошӣ ҳаёт бошад, ин аз нишонаҳои тандурустӣ ва саломатии зоҳириву ботинии ӯ мебошад.

Вақте ки ба китобҳои “Маснавӣ” ва “Девони кабир”-и Мавлоно назар мекунем, истифодаи калимаҳои шодибахшро дар ҳолатҳои гуногун дучор мешавем. Аз ин бармеояд, ки на танҳо ҳолати рӯҳии худи Мавлоно дар ҳолати шодиву саломатӣ қарор доштааст, балки асарҳои «Маснавї» ва «Девони кабир»-и ӯ ҳам ҳолати саломатӣва хушию шодмониро инъикос менамоянд. Ҳар ду китоби Мавлоно маънавӣбуда, фараҳбахшу шодиоваранд, одамиро ба шӯру такопӯ мехонанд ва ба инсон ангезаи ҳаракати шодиву фараҳи ин ҷаҳониву он ҷаҳонӣмебахшанд.

Девони Кабир ва “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳикоятҳои пизишкӣва истилоҳоти тиббию дармонӣсаршор мебошанд. Дар эҷоди ягон шоири дигар ва девони шеъру ғазали онҳо ба ин фаровонӣ, мисли Девони Кабир ва “Маснавии маънавӣ” нақлу ривоят, ҳикояту қитъаҳои шеърии ба мавзуи тиббу саломатӣ, пизишкиву тандурустӣ бахшидашуда дучор намеоед. Ва ин боиси он гардидааст, ки дар эҷодиёти Мавлоно истилоҳоту калима ва таъбироти тиббӣ хеле фаровонанд. Дар аксари ғазалҳои Девони Кабир ва ҳикоёти “Маснавии маънавӣ” нишонаҳои беморӣ, табобат ва дармон дучор меоянд. Дар ҳар ду асари ҷовидонаи Мавлоно дармони ҷисми инсонӣ ва рӯҳу равони ӯ мавқеи муҳим доранд.

Масалан, Мавлоно дар ғазали мазкур табибию табобати ҷисму рӯҳи инсонро чунин тасвир кардааст:

Ҳакимем, табибем зи Бағдод расидем,

Басе иллатиёнро зи ғам боз харидем.

Сиблаҳои куҳанро ғами бе сару бунро

Зи рагҳояшу пайҳош ба чангола кашидем.

Табибони фасеҳем, ки шогирди Масеҳем,

Басе мурда гирифтем дар ӯ рӯҳ дамидем.

Ба пири сайид аз онҳо, ки диданд нишонҳо,

Ки то шукр бигӯянд, ки мо аз чӣраҳидем.

Расиданд табибон зи раҳи дури ғарибон,

Ғарибона намуданд давоҳо, ки надиданд.

Сари ғусса бикӯбем, ғам аз хона бирӯбем,

Ҳама шоҳиду хубем ҳама чун маҳи идем,

Табибони Аллоҳем зи кас музд нахоҳем.

Ки мо пок равонем на таммоъу палидем,

Мапиндор, ки ин низ ҳалиласту балиласт,

К-ин шуҳра ақоқир зи фирдавс кашидем.

Ҳакимони хабирем, ки қорура нагирем,

Ки мо дар тани ранҷур чу андеша давидем.

Даҳон боз макун ҳеч, ки ағлаб ҳама ҷуғданд,

Дигар лоф мапаррон, ки мо боз паридем.

Дар ин ғазали зебову равон сухан дар бораи тибби инсонӣ меравад ва дар баробари он, вобаста ба шароити давр дар бораи тибби осмонӣ низ гуфта мегузарад. Дар бораи ду тибб: инсонӣва илоҳӣсухан ронда, ҳар ду дармон: заминӣва осмониро ба қалам додааст. Мавлоно зикр менамояд, ки шифобахшӣ ва дармонии беморон ҳам ба таври ҷисмонӣ ва ҳам ба таври ба беморон расонидани таъсири руҳу равонӣ амалӣ мегардад. Ин ғазал, воқеан, табиб будани Мавлоноро исбот намуда, аз ҳар ду намуди табобат дарак доштани ӯро собит менамояд. Ин гуфтаҳо дар ғазали дигари шоир баръало исботи худро ёфтааст. Мавлоно мегӯяд:

Табибем, ҳакимем, табибони қадимем,

Шаробему кабобем, саҳилему адимем.

Чу ранҷуртан ояд, чу маъҷун наҷоҳем,

Чу бемори дил ояд, нигорему надимем.

Табибон бигурезанд чу ранҷур бимирад,

Вале мо нагурезем, ки мо ёри каримем.

Шитобед, шитобед, ки мо бар сари роҳем,

Ҷаҳон дархӯри мо нест, ки мо нозу наъимем.

Ғалат рафт, ғалат рафт, ки ин нақш на моем,

Ки тан шохи дарахтест ва мо боди насимем

Вале ҷунбиши ин шох ҳам аз феъли насим аст

Хамуш бош, хамуш бош, ҳам онему ҳам инем.

Дар ғазал Мавлоно бо истеъдоди баланд аз ҳар ду намуди табобат сухан мегӯяд. Дар мисраи «Чу ранҷур тан ояд, чу маъҷун наҷоҳем» беморӣ нишонаҳои ҳам ҷисмонию ҳам заминии тиббӣ дида мешавад ва дар навбати худ дар мисраи «Чу бемори дил ояд, нигорему надимем» оид ба дармони руҳу равони инсон нақл мекунад. Дар ин мисраъ бемории тан ва хотиррасон намудани маъҷун (дору) ҳеҷ фаҳмиши душвориро надорад, балки нақл карда мешавад, ки ҳангоми ба беморӣ гирифтор шудани тан бо воситаи маъҷун (дору) дармону табобати он имкон дорад. Мавлоно табобату даворо дар дармони бемориҳои дилу руҳу равони инсон мебинад. Ҳамчунин, ишора бар он менамояд, ки ҳарчи оне, ки табибон аз уҳдааш намебароянд ва ба давои он оҷизу қодир нестанд, Мавлоно омода аст, ки табобати ин гуна беморонро муолиҷа намояд ва ба он қодир аст. Мавлоно, пеш аз ҳама, дар нақши маҳбубтарин инсон зоҳир гардида, «нигорему надимем[1]» мегӯяд ва ба ин васила табобати беморонро осон мегардонад ва тасаввури табиби моҳир будани Мавлоно бори дигар ошкор мегардад, ки дар байтҳои зерин исботи ин гуфтаҳо инъикос ёфтаанд:

Чунонки аз ранги ранҷурон табиб аз иллат огоҳ шуд,

Зи рангу рӯйи чашми ту ба динат пай бурд бино.

Бубинад ҳоли дини ту бидонад меҳру кини ту,

Зи рангат лек пӯшонад нигар донад туро расво.

Мавлоно бо табибон, ки бемориҳои зоҳирӣ ва ҷисмониро ташхису муолиҷа мекарданд, ҳамеша ҳамроҳу ҳамроз буд, бо онҳо ҳамдилӣ зоҳир мекард, вале ӯ роҳи мустақили худро дошт. Чи тавре ки дар қитъаи зерин мегӯяд:

Ҳакимем, табибем зи Бағдод расидем,

Басе иллатиёнро зи ғам боз харидем.

Ҳакимони лаҳим зи кас музд нахоҳем,

Ки мо дар тани ранҷур чу андеша давидем.

Хулас, мавқеи табибон дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мавқеи намоён дошта, чанд байт аз онҳо манзур мегарданд:

Сад ҳазорон мурғ парҳошон шикаст,

В-он камингоҳи аворизро[2] набаст.

Шарбату адвияву[3] асбоби ӯ,

Аз табибон бурд яксар обрӯ.

Бар ҳаво бурдӣ, фикандӣ бар ҳаҷар,

То даридӣ азму[4] лаҳм аз ҳамдигар.

Он сару он фарқ, к-аш шаъшаъ шуда,

Вақти пирӣ нохушу аслаъ[5] шуда.

Дар гулистон ояд-андар ахшаме[6],

Кай шавад мағзаш зи райҳон хурраме.

Машнав ин даъфи ваю фарҳанги ӯ,

Дарнигар дар иртиошу[7] ранги ӯ.

Гуфт: Эй ғур, ту ҳанӯзӣ дар лаҷоҷ,

Менабинӣ ин тағайюр в-иртиҷоҷ[8].

Лоҷарам омос гирад дасту по,

Ташнагиро нашканад он истиқо[9].

Тавба кун в-аз хӯрда истифроғ кун[10],

В-ар ҷароҳат кӯҳна шуд, рав, доғ кун.

Нон, ки итлоқ[11] оварад, эй меҳрубон,

Нон чаро мехониаш, маҳмуда хон.

Ин ҷазо таскини ҷангу фитна аст,

Он чу ихсо[12] асту ин чун хатна аст.

Меъдаи хар каҳ кашад дар иҷтизоб[13],

Меъдаи одам ҷазуби гандум, об.

Оқибатро дид ӯ шикаста шуд,

Аз шикастабанд дардаш баста шуд.

Бо ки гӯям, дар ҳама деҳ зинда ку,

Сӯи оби зиндагӣ пӯянда ку?

Обро мерондам андар кишти хеш,

Он равон мешуд ба заръат беш-беш.

Вақти ҳушёрӣ чу обу равғананд,

Вақти мастӣ ҳамчу ҷон андар тананд.

Дил наёромад ба гуфтори дурӯғ,

Обу равған ҳеч нафрӯзад фурӯғ.

Гуфт: Ҷояшро бирӯб аз сангу пушк,

В-ар бувад тар, рез бар вай хоки хушк.

Ҳам зи рангу ҳам зи набзу ҳам зи дам,

Бӯ баранд аз ту ба сад гуна сақам[14]

Баъраро, эй гандаақли гандамух,

Зери бинӣ бинҳию гӯӣ, ки ух! 

 

САЙФИДДИНЗОДА Мунфиза Бурҳонӣ.- доктори илмҳои тиб, дотсент, мудири кафедраи рентгенология ва радиология




[1] Нигор ва надим – ҳамнишину ҳамсуҳбат

[2] Љамъи ориза

[3] Ҷамъи даво

[4] Устухон

[5] Сари бемӯй

[6] Касе, ки ҳисси бӯй, қувваи шомма надорад

[7] Ларзидан, ба ларзиш омадан; ларзиш

[8] Ларзидан, ҷунбидан; ларзиш; изтироб, ошуфтагӣ

[9] Об кашидан аз чоҳ, ҷӯй 

[10] Қай кардан; холӣ кардани бадан хоҳ бо қай, хоҳ бо шоша, хоҳ бо исҳол ва ғ

[11] Иисҳол, дарунравӣ

[12] Ахта кардан

[13] Ҷазб кардан, ба тарафи худ кашидан, ба худ кашидан

[14] Беморӣ, касалӣ; нотобӣ; нодурустӣ

 




30.09.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php