МАСЛИҲАТИ ТАБИБ: БЕМОРИҲОИ ШАДИДИ ВИРУСИИ РОҲҲОИ НАФАС

МАСЛИҲАТИ ТАБИБ: БЕМОРИҲОИ ШАДИДИ ВИРУСИИ РОҲҲОИ  НАФАС

Беморриҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас (БШВР) гурӯҳи бемориҳои сироятӣ мебошанд, ки асосан роҳҳои болоии нафасро фаро гирифта, аз ҷониби вирусҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Ин бемориҳо дар байни аҳолӣ хеле паҳн шуда, бештар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба қайд гирифта мешаванд. Ба ин гурӯҳи бемориҳо зуком, риновирусӣ, аденовирусӣ, коронавирусӣ, парагрипп ва дигар сироятҳои вирусии роҳҳои нафас дохил мешаванд. Вирусҳо ба организм асосан тавассути қатраҳои ҳавоӣ ҳангоми сулфа, атса ва гуфтугӯ ворид мешаванд. Ҳамчунин, сироят метавонад тавассути дастҳои олуда ва ашёи рӯзгор гузарад.

Пешгирии БШВР аҳамияти муҳим дошта, ба кам кардани паҳншавии сироят, муҳофизати аҳолӣ ва пешгирии оризаҳои беморӣ равона карда шудааст.

Чораҳои пешгирии БШРН ба чораҳои умумӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва махсус тақсим мешаванд. Чораҳои умумии пешгирӣ аз риояи тарзи ҳаёти солим, ғизои мутавозин, истеъмоли миқдори кофии моеъ ва фаъолияти ҷисмонӣ иборат мебошанд. Ин чораҳо ба баланд бардоштани муқовимати организм ва фаъолияти системаи масуният мусоидат мекунанд.

Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар пешгирии БШРН нақши муҳим дорад. Шустани мунтазами дастҳо бо собун, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, худдорӣ аз даст расонидан ба чашм, бинӣ ва даҳон бо дастҳои ношуста, инчунин тоза нигоҳ доштани ашёи рӯзгор барои кам кардани хатари сироятшавӣ мусоидат менамоянд. Барои пешгирии паҳншавии вирусҳо зарур аст, ки ҳуҷраҳо мунтазам шамол дода шаванд, тозакунии намнок гузаронида шавад ва дар ҷойҳои серодам, махсусан дар давраи сар задани бемориҳои вирусии роҳҳои нафас, истифодаи ниқобҳои тиббӣ тавсия дода мешавад. Ҳангоми сулфа ва атса задан даҳону бинӣ бояд бо рӯймолчаи якдафъаина ё оринҷ пӯшонида шаванд.

Рӯймолчаҳои истифодашуда бояд фавран партофта шуда, дастҳо шуста шаванд. Маҳдуд намудани тамос бо шахсони гирифтори нишонаҳои БШРН, худдорӣ аз ташриф ба ҷойҳои серодам ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар давраи авҷгирии беморӣ аз чораҳои муҳими пешгирӣ ба ҳисоб мераванд. Шахсони бемор бояд ҳангоми пайдоиши нишонаҳои беморӣ дар хона бимонанд, тамос бо дигаронро маҳдуд намоянд ва сари вақт ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кунанд.

Пешгирии махсуси БШРН, пеш аз ҳама, ваксинагирӣ бар зидди зукомро дар бар мегирад. Ваксина барои кам кардани хатари гирифторшавӣ ба зуком, пешгирии шаклҳои вазнини беморӣ ва оризаҳои он мусоидат менамояд. Риояи мунтазами ин чораҳо барои паст намудани сатҳи беморшавӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии оризаҳои беморӣ аҳамияти калон дорад.

Тошева Ш.А., омӯзгори кафедраи бемориҳои сироятӣ


24.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php