МАШҚҲОИ ПАГОҲИРУЗӢ - ОМИЛИ ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ, 18 ноябри соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш» машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 50 нафар Донишгоҳ иштирок намуда, таҳти роҳбарии мутахассисон машқҳои гуногуни ҷисмониро иҷро карданд.
Чунин иқдомҳо ба таҳкими саломатӣ, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонӣ ва ташаккули фарҳанги тарзи ҳаёти солим дар байни омузгорону донишҷӯён мусоидат намуда, дар Донишгоҳ идома хоҳанд ёфт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА