МАНФИАТҲОИ ГЕОСИЁСӢ ВА НАРХИ ГАРОНИ ИНСОНИЯТ
Манфиатҳои геосиёсӣ ва нархи гарони инсоният яке аз мавзӯъҳои муҳим ва ҳассоси ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар раванди рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ пайваста талош менамоянд. Ин талошҳо дар бисёр ҳолатҳо ба рақобатҳои геосиёсӣ табдил ёфта, баъзан ба муноқишаҳо ва бархӯрдҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто низомӣ оварда мерасонанд. Дар чунин вазъият инсоният аксаран нархи гарони ин рақобатҳоро пардохт мекунад, зеро дар маркази ҳар гуна бархӯрди геосиёсӣ пеш аз ҳама тақдири инсон, амнияти ҷомеа ва суботи давлатҳо қарор дорад.
Дар асри XXI ҷаҳон шоҳиди тағйироти ҷиддии геосиёсӣ мебошад. Тақсимоти қудрат дар арсаи байналмилалӣ, мубориза барои захираҳои табиӣ, роҳҳои нақлиётӣ ва бозорҳои иқтисодӣ ба як равандҳои доимии сиёсӣ табдил ёфтаанд. Дар пасманзари чунин рақобатҳо баъзан арзишҳои инсонӣ ва башардӯстона дар канор мемонанд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳар як муноқишаи сиёсӣ ё ҳарбӣ пеш аз ҳама ба ҳаёти одамони одӣ таъсири манфӣ мерасонад. Маҳз инсоният аст, ки аз нооромӣ, муҳоҷират, камбизоатӣ ва ноамнии иҷтимоӣ зарари бештар мебинад.
Аз ин нуқтаи назар масъалаи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳо аҳамияти хосса пайдо мекунад. Таърихи навини Тоҷикистон низ ба мо дарси бузурги сулҳ ва ваҳдатро омӯзонд. Ҷомеаи тоҷик дар солҳои душвори охири асри гузашта дарк намуд, ки ҳеҷ гуна манфиати сиёсӣ арзиши аз даст рафтани ҷони инсон, пароканда шудани ҷомеа ва хароб гардидани давлатро надорад. Ба шарофати хиради сиёсӣ ва иродаи қавии мардуми Тоҷикистон сулҳ ва суботи сиёсӣ дар кишвар барқарор гардид ва ваҳдати миллӣ ба пояи устувори рушди давлат табдил ёфт.
Имрӯз сулҳу ваҳдати тоҷикон яке аз арзишҳои олӣ ва дастоварди бузурги давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Он на танҳо заминаи суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Дар шароите ки ҷаҳон бо мушкилоти геосиёсӣ рӯ ба рӯ аст, таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи арзандаи ҳалли муноқишаҳо тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб меравад. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Аз дидгоҳи илмҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ низ масъалаи сулҳ аҳамияти бузург дорад. Ҷомеае, ки дар он оромӣ ва субот ҳукмфармост, имкони рушди илму маориф, беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва баланд гардидани сифати зиндагии аҳолиро фароҳам меорад. Барои соҳаи тиб, махсусан акушерӣ ва гинекология, ки бо ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ояндаи ҷомеа алоқаманд аст, муҳити ором ва суботи иҷтимоӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат ҷомеа метавонад насли солим ва ояндаи устуворро тарбия намояд.
Дар шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳони муосир ҷомеаи байналмилалӣ бояд бештар ба арзишҳои инсондӯстона, ҳамкории созанда ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳо таваҷҷуҳ намояд. Манфиатҳои сиёсӣ набояд аз арзиши ҳаёт ва шаъну шарафи инсон болотар гузошта шаванд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сулҳ ва ҳамзистии осоишта ягона роҳи устувори рушди тамаддуни башарӣ мебошад.
Аз ин рӯ, қадр намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот Тоҷикистон метавонад дар миёни давлатҳои ҷаҳон бо эътимод роҳи рушди устувор ва пешрафти иҷтимоиро идома диҳад.
Бо ҳамин андеша метавон таъкид намуд, ки манфиатҳои геосиёсӣ набояд боиси аз байн рафтани арзишҳои инсонии ҷомеа гарданд. Сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ бузургтарин дастоварди инсоният мебошанд ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба шумор меравад.
Абдуллоева Р. А.-мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии № 1